Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хуршедшоҳ гуфт:
— Имрӯз навбати ман аст, ки ҷойгоҳ танг аст, ҳамагон масоф натавонем кардан ва берун натавонем шудан. Шоҳзода даст ба тиру камон бурд ва он рӯз ҳунар намуд ба тирандозӣ, ки ҷумлаи мардон дар ӯ аҷаб бимонданд. Ҳар ки аз лашкари Фағфур ҳаракат кард, Хуршедшоҳ ӯро ба тир меафканд, то он соат, ки офтоб фурӯ шуд халқи бисёр кушта шуданд.
Самак пеши Хуршедшоҳу Фаррухрӯз истода буд ва назора мекарданд. Ногоҳ чашми вай ба Шабдиз афтод — ғуломи Меҳрони вазир, гуфт:
— Ин ҳама ошӯбу меҳнат ин ҳаромзода афкандааст.
Ҳанӯз тамом нагуфта буд, ки Фаррухрӯз як чӯб ба тир аз даст раҳо кард ва бизад бар синаи ӯ ва аз пой дарафтоду бе фармони Меҳрони вазир ҷон бидод.
Ва ин Шабдиз наздики Шерафкан истода буд. Чун Шерафкан он ҳол бидид, биҳаросиду офарин кард бар занандаи тир, аммо бозпас истод.
ПАС, Меҳрони вазир бад-ин мақом омад, то бингарад, ки чӣ ҷойгоҳ асту аҳвол чист. Халқе дид барҳам афканда.
Меҳрони вазир рӯй ба Шерафкан карду гуфт:
— Эй паҳлавон, аз он ҷамоат ҳеҷ кас ба марг омаданд?
Гуфт:
— На, аз ҷиҳати он, ки роҳ танг аст, дӣ Фаррухрӯз масоф кард, имрӯз Хуршедшоҳ мекунад ва касе пеши эшон наметавон рафтан ва тир меандозему бар он гӯша намерасад, ки даргоҳ танг аст.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй паҳлавон, бо он қавм ҳеҷ ба даст надорӣ, ки қавме лаҷуҷанду1 бо ҳамият ва ҷойгоҳе маҳкам ба даст овардаанд. Як рӯз масоф кардиву халқе бисёр аз ин ҷониб ба марг омаданд, ки яке аз он ҷониб ба марг наомаданд, вагарна чунин бошад, эшон кайфар баранд. Ному нанги худ мебояд доштан, ки эшонро ба чорае ҳалок шояд кардан. Бифармой, то хирворҳои ҳезум биёваранду бар сари кӯча барҳам афкананд ва оташ дар он ҳезум зананд, то эшон дар он кӯча ҳалок шаванд ва аз ташнагиву гуруснагӣ ва тобиши офтобу он оташи тез бисӯзанд, вагарна ба шаб обу нон ба даст меоваранд ва мардуми шаҳрашон низ мебаранд ва ба рӯз бар ин гуна масоф мекунанд ва бо эшон касе барнаёяд.
Шерафкан гуфт:
1 Лаҷуҷ — ситезакор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё