Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Ахбори банақшагирӣ - маълумотҳое, ки барои банақшагирии фаъолияти корхона зарур мебошад. Ин асосан аз ду шакли нишондиҳандаҳо иборат мебошанд:
❖ нишондиҳандаҳои ҳисоботӣ – ҳаққонияти фаъолияти корхона; ❖ нишондиҳандаҳои меъёрӣ - меъёри иҷрои кор ва хизматҳо. -
Ахбори идоракунанда - ахборе, ки аз ташкилоти болоии идоракунӣ, ташкилоти назоратию ҳуқуқӣ, органҳои қонунбарори давлатӣ пешниҳод мешавад: фармон, супориш, қонун, қарордодҳо мебошанд.
Вобаста аз моҳият, зарурият ва дараҷаи истифодабарии ахбор менеҷерон дар дараҷаҳои гуногуни онро истифода мекунанд:
❖ дараҷае, ки ахбор дар дохили корхона, ё ташкилот барои фаъолияти корӣ истифода карда мешавад; ❖ дараҷае, ки барои банақшагирии стратегии фаъолияти корхона, муҳити берунаи корхона истифода мешавад; ❖ дараҷаи истифодаи ахбор дар байни корхонаҳо оид ба шартнома ва дигар ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ; ❖ дараҷаи истифодаи оҷилии ахбори идоравӣ, иҷро ва назорати вазифаҳои ҳаррӯзаи менеҷмент.
Сарчашмаҳои асосии ахбори идоракунӣ инҳо мебошанд:
❖ ташкилоти болой;
❖ роҳбарон ва корхонаҳо;
❖ воситаҳои ахбори умум;
❖ воситаҳои ахборӣ;
❖ ҳуҷҷатҳои техникӣ ва техникаи намунавӣ;
❖ маълумотномаҳо;
❖ ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ;
❖ суратҳо, харита ва филмҳо;
❖ ҳисоботҳо ва санадҳои тафтишӣ.
Дар кори истифодаи ахбор вақти зиёди менеҷментро ҳисоботҳои бухгалтерӣ, актҳои ревизия, ҳисоботҳои ҷамъбастӣ, аудиторӣ, ҳуҷҷатҳои молиявӣ, маълумот дар бораи кормандон, молтаъминкунандагон, ҳаҷми умумин маҳсулот ва ғайра мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё