Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

корҳои ташкилӣ;

батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозӣ;

ҳавасмандкунӣ ва фаъолгардонӣ;

баҳисобгирӣ, назорат ва таҳлили фаъолият.

Вобаста аз характер ва равияи иҷроиш ва зарурияти ахбор барои менеҷмент онҳоро шартан ба қисмҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Ахбори шиносоӣ, ё ки умумӣ - ин ахборе мебошад, ки барои шиносоии умумӣ пайдо кардан доир ба ин ё он ҳодиса, ҳолат, ё вазъият мебошад. Мисол, маълумот оид ба вазъи сиёсӣ, дараҷаи зиндагонии мардум, ҳолати умумии демографӣ, умуман фаъолияти асосии корхона ва ғайра мебошад. Менеҷмент ин ахборро барои фаҳмиши худ дастрас мекунад.

  2. Ахбори маълумотӣ - ин ахборе мебошад, ки диққати махсуси менеҷерро талаб намекунад ва мушаххас дар бораи вазъияти ягон ҳодиса, фаъолият, ё соҳа маълумот медиҳад.

  3. Ахбори мақсаднок - бо мақсади муайяне равона карда шуда, диққати махсуси менеҷерро талаб мекунад. Мисол, ахбор оид ба пастшавии нарх, набудани барқ, ё ҳолати сӯхтор, аз кор баромадани техника ва ғайраҳо.

  4. Ахбори ҳисоббаробаркунӣ - барои муайян кардани ҳисобҳои мизоҷон, молрасонҳо ва харидорон, бастани шартномаҳо истифода карда мешавад.

  5. Ахбори баҳисобгирӣ - барои бурдани ҳисобу китоб дар корхона истифода карда мешавад. Ин ахбор дар вақти сохтани баланси бухгалтерӣ, ҳисоботҳо истифода карда мешавад.

  6. Ахбори вазъиятӣ - дар бораи ҳолате ва вазъияте, ки корхона кор мекунад маълумот дода бораи баромадан ба бозор, доду гирифти мол хизмат мекунад.

  7. Ахбори назоратӣ - барои назорати оперативӣ ва ҳисоботии корхона ва қисмҳои он зарур мебошад. Барои назорати иҷрои қарори идорӣ, ҳаллу фасли шартномаҳо, инчунин иҷрои чорабиниҳои корхона зарур мебошад.

  8. Ахбори аналитикӣ - вобаста аз талаботи менеҷерон оид ба таҳлили фаъолияти ин, ё он сохтори таркибии корхона, афзоиши нарх, курси асъори хориҷӣ ва амсоли ин.

пешина
аз 465
навбатӣ