Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
САРСУХАН
Ҳазорсораи сеюм замоне мебошад, ки инкишофи иқтисодӣ, беҳтаршавии
-зисту зиндагонии одамон бапуррагӣ аз қобилият, кордонӣ, дониш ва эҷодкории онҳо, ё худ инкишофи босуботи башарӣ вобаста мебошад. Аксари маҳдудиятҳои мавқеию географию давлатию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию тадқиқотии инкишофи иқтисодӣ аз байн рафтааст.
Маҳз истифода аз ин қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият, ташкили дурусти роҳбарӣ, амалигардонии фикру ақоиди бузурги хирадмандон, ташкили шаклҳои навини самараноки истифодаи захираҳо ва истеҳсолот, истифодаи услубу корбарии пешқадамонаи ҷаҳониён мавзӯъҳое мебошанд, ки асоси китоби «Менеҷмент»-ро дар бар мегирад.
Хонандаи азиз, дар вақти навиштани ин китоби дарсӣ мақсадҳои зерин пеш гузошта шуданд:
- Бо забони шевою равони тоҷикӣ дастрас намудани дастоввардҳои илми замонавии менеҷмент барои хонандагон, бахусус шогирдони бахшҳои иқтисодӣ, омӯзгорон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идоракунии мамлакат.
- Мувофиқа намудани тарзу усул ва фаҳмишҳои назариявии менеҷмент ба шароити имрӯзаи роҳбарӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон ва қонуниятҳои мавҷудаи мамлакат.
- Нишон додани мавқеи иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихию этникии тоҷикон дар инкишофи илми идоракунӣ, роҳҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисодиёт, ташкили давлатдории пешқадами тоҷикон ва хирадмандонаи миллати тоҷик дар гузашта ва ҳозира. Инчунин мавқеъ ва мақоми бузургҳои файласуфони тоҷику форс оид ба ташкили роҳбарӣ, ташкили истеҳсолот, истифодаи дурусти захираҳо, бахусус захираҳои башарӣ дар пешрафти иқтисодӣ дар мавридҳои зарурӣ зикр шудаанд.
- Пешкаш намудани дастовардҳои фанни менеҷмент дар шакли методологияи оддии китоби дарсии мактабҳои олии кишвар ғояи асосии китоби мазкур аст.
Бинобар ин аксар маврид аз мисолҳо ва схемаҳое, ки дар китобҳои менеҷменти амрикоӣ, ҷопонӣ ва ғарбӣ хеле бисёр ба назар мерасанд, даст кашидем. - Пурра нишон додани паҳлӯҳои гуногун ва равандҳои гуногуни менеҷмент, алоқамандии онҳо ба дигар фанҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақоми аввалиндараҷа доштани омӯзиши ин фан барои тамоми мутахассисони мактабҳои олӣ, умуман роҳбарон, аз шартҳои муҳим дониста мешавад. Маҳз донистани ин илми замонавӣ ба мо имкон медиҳад, ки як ҷомеаи солими демократии дунявӣ сохта, муҳити зистамонро аз хатарҳои экологӣю иқтисодӣ ва ноҷуриҳои сиёсию иҷтимоӣ нигоҳ дорем.
Китоби «Менеҷмент» аз 2 қисм иборат буда, 30 боб ва 150 мавзӯъ, панду ҳикмати хирадмандон, саволҳои санҷишӣ ва адабиётҳоро оид ба ҳар як боб дар бар мегирад.
Қисми аввали китоби дарсӣ, ки «Асосҳои менеҷмент» ном дорад, маълумоти умумӣ оид ба назария ва амалияи менеҷмент, таърихи пайдоиши мактабҳои классикии омӯзиши менеҷмент, услуб ва методологияи омӯзиш, тавсифи объект ва субъекти омӯзиши фан, технологияи менеҷмент, талаботи ташкили менеҷмент, функция ва вазифаҳои менеҷментро дар бар мегирад.
Қисми дуюми китоб «Ташкили фаъолиятҳои алоҳидаи менеҷмент» унвон шуда, ба таҳлилу баррасии вазифа ва функцияҳои асосии менеҷер, мақоми омили башарӣ дар менеҷмент, қобилият ва кордонии роҳбарон «пешвоён», роҳҳо, ташкил ва интихоби кормандон ва коллектив, муносибатҳои ахлоқӣ дар менеҷмент, шаклҳои банақшагирӣ, мақсадгузорӣ, функцияҳои ташкилии менеҷмент бахшида шуда, равандҳои алоҳидаи соҳавии менеҷменти молиявӣ, истеҳсолӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, байналхалқӣ ва навоварӣ пешниҳод шудааст.
Хонандаи азиз, то чӣ андоза мо ба ин мақсадҳои худ расидаем худ қазоват намоед. Мо ба Шумо барои эродҳо ва фикру ақидаҳои ирсол кардаатон доир ба ин китоб, ки аввалин маротиба бо забони тоҷикӣ бо номи «Менеҷмент»
чоп мешавад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар чопи дуюми китоб онҳоро ба эътибор мегирем.
Муаллиф дар навбати аввал ба раёсати Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва коллективи факултети иқтисод ва идора барои дастгирию кӯмак ва шароити фароҳамовардашон дар навиштани китоби мазкур, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Ба ҳамаи устодону шогирдон ва дӯстоне, ки дар навиштани китоб маслиҳатҳо дода, вақти гаронбаҳои худро дареғ надоштанд, арзи сипос менамоем.
Инчунин аз устодони Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов д.и.и., профессор Бобылев С.Н., д.и.и., профессор Папенов К.В. ва директори нашрияи ҳамин Донишгоҳ Алла Николаева ва дӯстам н.и.т. Валентин Головачев барои маслиҳатҳои арзишмандашон сипосгузорам.
Миннатдории бепоёни худро, инчунин ба фарзандонам - Дилором,
Назаралӣ, Махшулбӣ ва Саломатбону мерасонам, ки дар ҳуруфчинии компютерӣ,
ислоҳ, тасҳеҳи техникӣ ва чопи китоб меҳнати зиёд намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё