Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дастрасии ахбор - имконоти гирифтани ахбор бояд барои менеҷер доимо вобаста аз тартиботи дохилии корхона бошад.

  2. Амалишавандагии ахбор - ахбор бояд, ки дар амалия ва дар ҳолатҳои алоҳида истифода бурда шавад.

Шаклҳои ахборе, ки дар идоракунӣ истифода карда мешаванд ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • аз рӯи мазмуни ахбор - сиёсӣ, директиви, ҳуқуқӣ, илмию техникӣ,
    иқтисодӣ, планӣ, маъмурӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ, маълумотию ахборӣ,
    баҳисобгирии бухгалтерӣ ва оморӣ;

  • равиши ҳаракат - дохилшаванда ва беруншаванда;

  • хусусияти бақайдгирӣ - қайдшаванда ва қайднашаванда;

  • вобаста аз сарчашмаи пайдоиш - дохилӣ ва берунӣ;

  • дараҷаи коркард - ахбори аввала, истеҳсолӣ ва ҷамъбастӣ;

  • тарзи пешниҳод - чопӣ, рақамӣ ва рамзӣ;

  • пуррагии ахбор - кифоя, нокифоя ва зиёдатӣ;

  • дурустии ахбор - дуруст ва нодуруст;

  • дараҷаи коркард - коркардшаванда ва коркарднашаванда.

Ҳар як намуди ахбор мазмуни хоси худро дошта, ҷараёни идоракуниро бояд пурра ба худ гиранд. Ҳар як менеҷер пеш аз он, ки ахбори идоракуниро истифода мекунад бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дода тавонад:

  • кадом ахбор ба ӯ лозим аст;

  • дар кадом мӯҳлат ба ӯ ахбор зарур аст;

  • ахбор чӣ тавр истифода карда мешавад;

  • қабулкунанда ва истифодабарандагони ахбор кӣ мебошад;

  • ахбори заруриро аз куҷо гирифтан мумкин;

  • кадом воситаҳо барои гирифтани ахбор зарур мебошанд;

  • ахбор дар кадом шакл бояд, ки пешниҳод карда шавад;

  • усули коркарди ахбор ва технологияи он;

  • ахбор кадом арзишро дорад.

Объекти асосии таъминоти ахбории менеҷмент ин шӯъбаҳои идоракунӣ мебошад, ки дар корхона функцияҳои зерини идоравиро ба ӯҳда доранд:

  • банақшагирӣ ва пешгӯиҳо;
пешина
аз 465
навбатӣ