Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
5.1. Мафҳум, моҳият ва гурӯҳбандии ахбори менеҷмент
Ахбори идоракунӣ гуфта маълумотҳои мантиқан батартибдаровардашударо доир ба ҳодисаҳо, фактҳо, фаъолиятҳо ва ҳолатҳои алоҳидаи идоракунӣ меноманд.
Ахбор дар ҷараёни идоракунӣ ҳамчун объекти маҳсули меҳнат баромад мекунад.
Ҳодисаҳо гуфта, ягон амалиёте, ки иҷро шудааст, ё ин ки бояд иҷро шавад меноманд.
Маълумотҳои ҳақиқӣ - он коре, ки аллакай иҷро шудааст.
Фаъолият - ҳодисае, ки дар он кадом моҳият, ё мақсаде вуҷуд дорад.
Ҳолат - ҷамъи ҳолатҳо ва имконотро меноманд.
Ҳамин тариқ, ахбори идоракунӣ имконият медиҳад, ки дар бораи ҳолати объект, шаклу усули фаъолияти онҳо ва ҳодисаҳое, ки мегузарад маълумоти аниқи фикркардашуда пайдо намоем. Бе ахбори пурраи идоракунӣ менеҷменти корхона наметавонад, ки қарори дурусти идоракуниро барорад. Дар натиҷа қарори идоракунӣ худаш низ ахбори корхона мегардад.
Ахбори идоракунӣ ду тараф дорад:
- тарафи миқдорӣ;
- тарафи мантиқӣ.
Тарафи миқдории ахбор дар асоси нишондиҳандаҳои миқдорӣ (грамм, кг, тонна, дақиқа, соат, рӯз, сантиметр, километр ва ғайраҳо) баҳо дода мешаванд.
Тарафи мантиқии ахбор бошад, ин дурустии ахбор, яъне ҳақиқати объективиро инъикос карда тавонад, дуруст ва пурра тартиб дода шуда бошад.
Ахбори идоракунӣ бояд чунин сифатҳоро дошта бошад:
-
Дурустии ахбор - ҳақиқӣ, асоснокардашуда, аниқ ва аз сарчашмаи асосӣ гирифта шуда бошад.
-
Пурра будани ахбор - кифоя ва яклӯхт бошад, ки барои қабули қарори идоракунӣ асос шуда тавонад.
-
Ахбори саривақтӣ - ахбор ҳамон вақт қабул карда, истифода мешавад, ки зарур бошад, агар дер шавад, он гоҳ ахбор дигар арзиш надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё