Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар системаи ахбории корхона ахбори даҳонӣ роҳи асосиро мебозад. Барои гирифтани ин намуди ахбор роҳбарон ҷаласаҳо ва маҷлисҳои оҷилӣ ва ҳисоботӣ мегузаронанд, ки ин ахбор дар шакли баромад қабул карда шуда, баъдан шакли ҳуҷҷатиро дар пайнавишти ҷаласа мегирад.
Ахбори даҳонӣ характери дутарафа дорад. Равоншиносон менависанд, ки одамон на ҳамаи ахбори даҳониро пурра ва дуруст қабул менамоянд. Ин аз як қатор омилҳо иборат мебошад:
аз инкишофи физиологии одамон;
аз шахсияти одамоне, ки онро қабул менамоянд;
характер ва дараҷаи фаҳмиши шахсон;
қобилияти муайян кардани дурустии ахбор;
диққатҷалбкунандагӣ ва тарзи муҳокимаи ахбор;
дараҷаи боварӣ ба шахси ахбордиҳанда.
Шахси шунаванда ахборро шунида ба сару либос, тарзи сухангуии зан ё мард, фаҳмиш, забондонӣ ва дигар омилҳои берунӣ диққат медиҳад.
Аз тарафи дигар самаранокии ахбор ба он вобаста аст, ки вай дар кадом ҳолату вазъият мегузарад, ҷои иваз кардани ахбор, мавҷудияти дигар шахсон, мусиқӣ, ҳолати сухангуии муваққатӣ ё сархушии он ва ғайраҳо.
Қабули ахбори идоракунӣ ду давраро ба худ мегирад: қабул ва коркарди ахбор.
Қабули ахбор вобаста ба ҳар як шахси алоҳида гуногун буда, аз саломатӣ, ҳолати психологӣ ва муносибати шахс ба ахбор қабул карда мешавад.
Аксари маврид мо бо ҳодисаҳое дучор мешавем, ки ахбори хеле заруриро дар сари вақт намерасонем, ё дар ҳолате, ки табъи роҳбар хуш нест, пешниҳод менамоем. Дар натиҷа ин масъала иҷро нашуда, ҳатто ҷараёни баръаксро низ мегирад.
Менеҷер пеш аз ҳама бояд донад, ки ахборро кай?, чӣ тавр? ва ба кӣ расонад?
Ахбори даҳониро менеҷер дар вақти гузаронидани корҳои хизматӣ ва хӯрокхӯриҳо, дар сари миз, қабул кардани коргар ба кор, машварат ё худ сӯҳбати танҳо ба танҳо мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё