Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар баробари ахбори дурусти роҳбарӣ инчунин дар таҷрибаи кории менеҷмент, ахбори зиёди дар тарзи овоза ва дурӯғҳо пайдо мешаванд, ки дар самаранокии кори менеҷмент мақоми арзанда доранд.
Овозаҳо - дар ҳолате паҳн мегарданд, ки агар дар корхона ахбори саривақтии дуруст пайдо набошад. Бинобар ин одамон ҳаракат мекунанд, ки аз пеши худ бофтаҳои пайдоиши ин, ё он ҳодисаро аз нуқтаи фаҳмиши худ, ё қасдан дурӯғ барои ба мақсади пинҳонии хусуматнокӣ худ ноил гаштан овозаҳо паҳн кунанд.
Чунин як фикрҳоро одамон аввал, гӯё пинҳонӣ дар гӯши як фард мегӯянд, баъдан дар коллектив паҳн мешавад ва аксар маврид як гурӯҳи калони одамонро дар бар мегиранд, ки боиси норозӣгӣ, ё ҷамъомадҳои беасос ва роҳпаймоиҳо мегардад. Бинобар ин менеҷменти корхона баробари пайдо шудани чунин овозаҳо онҳоро саривақт аниқ сохта, ҳодисаро пурра ва дақиқ санҷида, ахбори дурустро равона созад. Вобаста аз дараҷа ва дар саривақт пешниҳоди ахбори дуруст дурӯғии овозаҳо то 90% метавонанд исбот шуда, мавқеашонро гум кунанд.
Ахбори дурӯғ - ин ахборе мебошад, ки бо ягон мақсади хусусии хусумат, қасдгирӣ ё худ бахилию маҳалгароӣ ва миллатчигӣ истифода карда мешавад.
Ба ахбори дурӯғ, асосан, коргарони фиребгар, беинтизом, бевиҷдон ва бетарбия сарукор дошта, онҳо намехоҳанд, ки дар корхона тартибу интизом бошад, ташкили кор мунтазам буда, муносибати хуби коллектив вуҷуд дошта бошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари маврид роҳбароне пайдо мешаванд, ки ба ахбори дурӯғ дода мешаванд, дар натиҷа қарорҳои идоракунии нодуруст, ё худ беасос қабул менамоянд, ки дар оянда ба обрӯи худи роҳбар таъсир карда, кори менеҷменти корхонаро коста мекунанд.
Аксари маврид ахбори дурӯғро дар вақти рақобати шахсони алоҳида ва корхонаҳо дидан мумкин аст, ки гурӯҳи одамон барои рӯйпӯш кардани камбудиҳо ва гуноҳҳои худ истифода мебаранд.
Муборизаи беамон ба муқобили ин ду намуди ахбор бояд кори аввалиндараҷаи менеҷменти корхона бошад. Ин пеш аз ҳама бо роҳи нобуд сохтани сарчашмаҳои ахбороти дурӯғ ва дуруст ба роҳ мондани технологияи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё