Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ахборӣ дар корхона ташкил кардан мумкин мебошад, то ин, ки ҷои холӣ барои овозаҳо ва дурӯғҳо боқӣ намонад.
5.2. Технологияи ташкили системаи ахбори идоракунӣ
ва давраҳои он
Барои ҳар як корхона - фирмаи ҳозиразамон ташкили низоми самараноки ахборӣ, ки ба технологияи навини замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, шарти зарурӣ мебошад.
Ин пеш аз ҳама компютерикунонидани тамоми ҷараёни фаъолият дар корхона, пайваст будан ба муҳити дохила ва беруна бо шабакаҳои локалӣ ва интернет мебошад.
Системаи ахбории идоракунӣ имрӯз ягона системае мебошад, ки ҷараёни ташкил, идоракунӣ ва барномасозию пешгӯии фаъолияти корхонаро пурра дар бар гирифта, дар он роҳҳои ба низом тайёр кардан, коркард, расонидан ва истифодабарии тамоми намуди ахборе, ки дар корхона ва берун аз он вуҷуд дорад дида мешавад.
Пайдарпании ахбори идоракунӣ аз боло ба поён ва аз поён ба боло сурат мегирад. Ҷараёни ахборӣ, асосан барои гирифтани маълумот оид ба истифодаи илму техника, банақшагирӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, таҳлили фаъолияти хоҷагӣ ва назорати идоракунӣ, ки ба воситаи техникии электронӣ амалӣ мегардад, равона карда шудааст. Чунки самаранокии кори идоракунӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар ахбори саривақт ва дуруст пайдо кунанд. Бинобар ин суръати тези ахбор, коркард, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди он дар шароити имрӯза дар техникаҳои электронӣ имкон дораду халос.
Қоидаҳои асосӣ ва мақсади ташкили низоми дохилии ахбори корхона ва истифодаи он аз инҳо иборат аст:
❖ кор кардан, истифода ва нигоҳдории ахбор дар шароити марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи идоракунӣ; ❖ муайян кардани воситаҳои техникии ахбор барои ташкилот ва ҳар як сохтори таркибии истеҳсолот;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё