Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
кор карда баромадани барномасозии ахборот ва истифодаи бонки ахбор;
гузаронидани вариантҳои гуногуни ҳисоб ва ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷараёни кор кардани барномаи маркетинг, банақшагирӣ, назорат, ҷамъоварӣ ва коркарди ахбор;
коркарди системавии ахбор ва додани ахбори хаттӣ;
таъмини асбобҳои техникӣ, телефон, телефакс, нусхабардорӣ ва дигар асбобҳои коммуникатсионӣ;
автоматикунонии ҷараёни идоракунии маъмурии меҳнат дар асоси истифодаи технологияи пешқадам.
Вазифаҳои асосии системаи ахбории дохили корхона:
ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи ахбор дар ҳамаи зинаҳои системаи идоракунӣ;
муайян кардани равияҳои асосии инкишофи технологияи ахбори идоракунӣ. Дараҷаи талабот ва истифодаи ахбор кори мушкили ҳар як роҳбар мебошад, ки аз таҷрибаи корӣ ва лаёқатмандии роҳбар, инчунин функцияи он вобастагии калон дорад.
Системаи ахбори дохилаи корхона функцияҳои зеринро иҷро мекунад:
муайян кардани талаботи ҳар як роҳбар доир ба характер ва мазмуни ахбори зарурӣ, бо мақсади идоракунии оҷилии фаъолияти истеҳсолию фурӯши маҳсулоти корхона;
муайян кардани талаботи корхона ва ҳар як менеҷер оид ба низоми техникии ахбор;
банақшагирии марказонидашудаи ташкили меҳнат ва воситаҳои техникии ахбори идоракунӣ;
муайян кардани дараҷаи хароҷотҳо ва самаранокии кори низоми воситаҳои техникӣ дар ахбор;
таъмин намудани дараҷаи зарурии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди ахбор;
кор кардани барномаҳои кории системаи ахборӣ.
Дар даҳсолаи охири асри XX, қариб дар тамоми ҷаҳон системаи автоматикунонии идоракунӣ (САИ) ба дараҷаи аъло авҷ гирифт. Асосан, баъди пайдоиши мошинҳои ҳисоббарории ЭВМ-и ҷодаи 3-юм ташкили системаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё