Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
алоқаи моҳворавӣ, марказҳои ахборию ҳисобарорӣ ва марказҳои идоракунии автоматӣ пайдо шудаанд.
Системаи ахборӣ гуфта, комплекси алоқамандии воситаҳои техникии алоқа, ки дар як занҷири сарбаста пайванданд, дониста мешавад.
Системаи техникии ахборӣ имкон медиҳад, ки миқдори зиёди ҳисобдорон, бухгалтерҳо, иқтисодчиён, инчунин дигар коргарони хизматрасон кам карда шавад.
Аксари фаъолиятҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, оморӣ ва ҳисоботи аллакай кори муқаррарии компютерҳо мебошанд, ки дар асоси барномаи пешакӣ сохташудаи компютер ҳисоб карда мешаванд.
Асосан ташкили системаи ахборӣ имкон медиҳад, ки кор дар се раванд сурат гирад:
-
Ҳолати пассивии ахбор - вақте ки мошина ахбори идоракунӣ дода, ба талаботи харидор ё фармоишдиҳанда диққати зарурӣ намедиҳад.
-
Раванди пешгирии ҳодиса - асосан барои самаранокии кори идоракунӣ лоиҳаи кориро пешниҳод менамояд.
-
Раванди ҳамоҳангсозӣ - вақте ки системаи ахборӣ ҳамчун машваратчӣ баромад мекунад ва доир ба талабот ва тағйироти технологӣ маслиҳат медиҳад.
Мақоми махсусро дар кори менеҷмент системаи телевизионӣ мебозад. Системаи телевизионӣ тамоми кураи заминро фаро гирифтааст. Аз солҳои 90-ум сар карда 4 системаи телевизионӣ амал мекунад NTS, SEMAN, PAL, SECAM.
Системаи моҳворавии алоқа - дар ахбори идоракунӣ мақоми хеле бузург дошта, он таърихи зиёда аз 30-сола дорад ва алоқаи байни тамоми қитъаҳои заминро таъмин менамоянд. Бо шарофати алоқаи моҳворавӣ дар ҳар як давлат миқдори зиёди барномаҳои телевизионӣ бе ягон монеа қабул мешаванд. Дар солҳои охир қисмати зиёди ташвиқоту тарғибот ба воситаи системаи телевизионӣ амалӣ мегардад, ки хеле самаранок мебошад. Дар кори менеҷменти корхона инчунин системаи радио ва ноқилҳо истифода карда мешаванд.
Дар кори амалии менеҷер компютери фардӣ мақоми хос дорад. Дар баробари воситаҳои техникӣ, инчунин воситаҳои дигари хотиротии ахборро менеҷменти корхона истифода мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё