Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дафтари қайдҳо - истифодаи ин воситаи хотироти дар кори ҳаррӯзаи менеҷер дида мешавад. Асосан барои қайд кардани масъалаҳои асосии ҷаласаҳо, вохӯриҳо, суроға ва телефонҳо қайди ягон ҳодисаи зарурӣ сурат мегирад.

  2. Варақаи шахсии менеҷер - дар он амалиётҳои зерин қайд карда мешавад:

  • хулоса ва рӯйхати адабиётҳо ва ҳуҷҷатҳои истифодашуда;
  • адабиётҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд дида баромада шаванд.
  1. Журнали корӣ, ё худ лабораторӣ. Аксари маврид барои таҳлили вазифаҳои иҷрошуда, баҳо додани фаъолияти коргарон, ин журналҳо пур карда мешаванд. Дар журналҳои корӣ, вақти иҷрои кор, характери кор ва иҷрокунандаи он қайд карда мешавад. Асосан ин китобҳо баъди ҳар як давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст карда мешаванд ва кори коргар ва роҳбари звено баҳо дода мешавад.

Ҳамин тариқ, технологияи фаъолияти ахборӣ - ин базаи моддию техникӣ, намуди технологияи ахборӣ, системаи бурдани навиштаҷотҳо, воситаҳои интиқоли ахбор, базаи маълумотҳои ахборӣ ва гурӯҳи барномаҳои кории компютерӣ мебошанд.

Инкишофи базаи моддию техникии фаъолияти ахбориро ба якчанд давра тақсим кардан мумкин мебошад:

Давраи якум - солҳои 50-60-уми асри XX-ум, вақте ки мошинаҳои калони электронӣ пайдо шудаанд ва ЭВМ ҳамчун сарчашмаи ахборӣ дар намуди макроэлектронӣ истифода карда мешуд.

Давраи дуюм - ин солҳои 70-уми асри XX-ро дар бар гирифта, ҳамчун давраи инкишофи микропротсессорҳо, воситаҳои ҳисобкунии электронӣ ва якчанд намуди воситаҳои техникии электронӣ. Дар бахши хизмати маишӣ, алоқа ва нақлиёт пайдо гашт, ки кори менеҷеронро хеле осон гардонид. Аллакай дар ин давра усулҳои нигоҳдорӣ ва пешниҳоди ахбор дар барномаҳои махсуси компютерӣ сурат гирифтаанд, ки дар пешрафти менеҷмент низ мақоми калон доранд.

Давраи сеюм - солҳои 80-90-уми асри XX-ро дар бар мегиранд. Технологияи ахборӣ дар ин давра самаранок шуда, ҷараёни истеҳсолиро

пешина
аз 465
навбатӣ