Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бисӯртар фаро мегирад. Дар баробари ин ҷараёни ташаккули автоматикунонӣ ва компютерикунониро метезонад.

Дар натиҷаи инкишофи техникии электронӣ дар ин давра самаранокии ва суръати ҳаракати ахборро тезонида, қисми зиёди коргарони техникиро кам мекунад, кори баҳисобгирии бухгалтерӣ беҳтар шуда, сифати корҳои ҳисоботию банақшагирӣ хеле ҳам хуб мегарданд.

Дар системаи идоракунии оҷилӣ техникии электронӣ бо мақсадҳои зерин истифода карда мешаванд:
❖ барои коркарди нақшаҳои оҷилии истеҳсоли маҳсулот ва назорати иҷроиши онҳо;
❖ назорати гардиши захираҳои барои истеҳсолот зарурӣ;
❖ назорати қабули фармоишот;
❖ ҳисоббобаркунии музди меҳнат;
❖ таҳлили нишондиҳандаҳои фурӯши маҳсулот;
❖ бақайдгирии дохилшавии маблағҳои пулии корхона;
❖ баҳисобгирии бухгалтерӣ ва назорат.

Шаклҳои технологии ахбори корхона намудҳои зеринро доранд:
❖ ҷамъоварӣ ва коркарди ахбор бевосита дар вақти иҷрои кор ва хизматҳо;
❖ коркарди ахбор дар асоси барномаҳои компютерӣ;
❖ тартиб додани ҳуҷҷатҳо бо ёрии компютерҳо.

Тарзи навишти ахбор - дар асоси барномаҳои махсуси компютерӣ сурат гирифта, кори идоракуниро осон мегардонад. Ба навиштаҷотҳои муҳим дохил мешаванд:

  1. Ҳуҷҷатҳои техникӣ, нақшаҳо ва ҳисобҳои конструкторӣ.
  2. Ҳуҷҷатҳои илмӣ - ҳаргуна ихтироот ва тадқиқоти илмӣ ва дигар моликиятҳои зеҳнӣ.
  3. Ҳуҷҷатҳои хаттӣ - ҳаргуна шартномаҳо, мактубҳои корӣ, ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ва ғайраҳо.
  4. Маълумотҳо - маълумотҳои оморӣ, бухгалтерӣ ва дигар нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона, нишондиҳандаҳои оморӣ ва таҳлилии фаъолияти корхона.
пешина
аз 465
навбатӣ