Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Барандагони ахбор - шакли нигоҳдорӣ ва пешниҳоди ахборро меноманд, ки он дар хотираи мошин, дар файлҳои гуногуни компютерҳо, дар дискҳои мошинаҳо ва компактдискҳо, инчунин дар китобҳои махсус нигоҳ дошта, инчунин истифода карда мешаванд.
Базаи ахборин маълумотҳо - барои фаъолияти пурраи корхона, инчунин қисматҳои алоҳидаи он истифода карда мешавад. Вобаста аз муҳимияти ахбор ба базаи ахбории маълумотҳои корхона имконоти маҳдуди дохилшавӣ ба роҳи гузоштани коди махфии истифодабаранда ҷорӣ карда мешавад.
Ташкили барномасозии махсус - вобаста аз хусусияти фаъолияташон корхонаҳо барномаҳои махсуси худро дар компютерҳо месозад, ки барои иҷрои кор хеле самаранок мебошад. Мисол, аллакай дар системаи бонкҳо, аэрокассаҳо, идораи киштиҳои кайҳонӣ, роҳҳои ҳавоӣ ва ғайраҳо барномаҳои махсус амал мекунанд.
5.3. Дараҷаи таъминоти ахбории менеҷмент ва истифодаи ахбор
Равандҳои асосии таъминоти ахбории менеҷменти корхона инҳо мебошанд:
❖ қабул ва коркарди ахбори дохилшаванда;
❖ таҳлил ва расонидани он то иҷрокунанда;
❖ ҷамъоварӣ ва коркарди ахбор дар бораи фаъолияти корхона;
❖ паҳн кардани ахбори корхона дар дохили он ва берун аз он;
❖ таҳлили ахбори фаъолияти корхона;
❖ қабули маълумот оид ба нишондиҳандаҳои назоратии корхона ва қисмҳои он;
❖ тайёр кардани қарори менеҷерон;
❖ ҳисобҳо оид ба тақсимоти захираҳои корхона;
❖ ҳисобҳои андозсупорӣ ва ҳуҷҷатгузории корхона;
❖ ҳисобҳои молиявӣ ва қарзии корхона;
❖ баҳисобгирӣ ва тақсимоти захираҳо;
❖ ахбори кадрӣ;
❖ ахбори таъминотӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё