Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ахбор оид ба маркетинг;
ахбор оиди рекламаҳо ва паблик рилейшинз (public relations);
ахбори маълумоти корхона;
архиви корхона;
низоми экспертӣ;
алоқаи хизматии байни корхонаҳо;
коркарди нақша ва назорати иҷрои он;
назорати иҷрои фармону супоришҳои додашуда;
автоматикунонии ҷои кории роҳбарон ва дастгоҳи идоравӣ.
Системаи ахбории менеҷмент қабули қарори стратегиро дар дараҷаи олии менеҷмент таъмин менамояд.
Системаи оҷилии ахборӣ бошад, коркарди нишондиҳандаҳои зарурии ҷории бизнес, фаъолиятҳо ва фаъолиятҳои функционалии менеҷментро дар табақаи поёнӣ иҷро менамояд. Системаи оҷилии ахбории корхона ба 3 гурӯҳ ҷудо карда мешавад:
-
Системаи коркарди равишӣ - аз фаъолиятҳои соҳибкории корхона ҳуҷҷатҳоро ба қайд гирифта, коркард менамояд. Ба ин гурӯҳи системаи ахборие, ки бо ёрии онҳо баҳисобгирии фурӯши мол, хариди мол аз молтаъминкунандагон, тағйироти захираҳои корхона, варақаҳои музди меҳнати коргарони корхона дохил мешаванд. Ба воситаи ин системаи ахбори корхона ҳисобот доир ба фурӯши маҳсулот, гурӯҳбандии харидорон, ҳуҷҷатҳои аввалии музди меҳнат, инчунин ҳисоботҳои молиявии корхона тайёр карда мешаванд. Илова ба қайдгирӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо ин системаро бо мақсади таҳлили оҷилии қарори стандартӣ оид ба назорати оҷилӣ истифода бурдан мумкин мебошад.
-
Системаи назоратӣ ба ҷараёнҳои истеҳсолӣ - бо роҳи ташкили назорат ва ченкунакҳои махсус, доимо аз болои гарми таҷҳизотҳо, ё ин ки фишори онҳо ва ин ахборро ченкунак ба компьютерҳо медиҳад. Дар натиҷа ин ахбори коркардашуда кори таҷҳизотҳо ба танзим дароварда мешавад.
-
Системаи автоматикунонидашудаи ҷои кор (офис). Чунин комплекси воситаҳои ахборӣ аз қабили телефон, компьютер, телефон факс, почтаи электронӣ ва воситаи телекоммуникатсионӣ, аллакай дар аксари ташкилот дида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё