Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Асосан ин системаи ахборӣ дар корхонаҳои калоне истифода мешаванд, ки дар як рӯз зиёда 4-5 ҳазор ахбор, ё худи ҳуҷҷатҳоро коркард намуда, мефиристанд. Ҳамин тариқ, гурӯҳи дуюми системаи ахборӣ, ки кори менеҷментро таъмин менамояд, ин системаи ахбории менеҷмент мебошад.

Ин системаи ахборӣ аз системаи компютерҳое иборатанд, ки ахбори заруриро дороанд ва барои қабул ва тайёр кардани қарори идоракунӣ кӯмак мерасонанд. Ин система аз се қисм иборат мебошад.

  1. Системаи ахбории ҳисоботӣ - ба менеҷерон ва дигар шахсоне, ки дар ҷараёни идоракунӣ иштирок мекунанд ахбори ҳисоботӣ барои қабули қарори идоракунӣ пешниҳод менамоянд.

  2. Системаи дастгирии қабули қарори идоракунӣ. Ин шакли интерактивии системаи ахбории компютерие мебошад, ки варақаҳои гуногуни қарори идораро дар асоси базаи маълумотҳое, ки ҳастанд, нигоҳ медорад. Барномаи ин система тарзе сохта шудааст, ки менеҷерон ва дигар шахсони идоракунанда метавонанд якчанд варианти қарорро ба компютер бо нишондиҳандаҳои гуногун дохил намоянд ва компютер ҳамаи вариантҳоро дида баромада, варианти оптималиро пешниҳод менамояд.

  3. Системаи ахбории роҳбарии иҷроия - қабули қарори идоракуниро дар звенои болоии идоракунӣ хеле ҳам осон мегардонад. Барномаҳои идоракуние, ки дар ин мошина гузошта мешавад, имконоти ахбори пурраи корхонаро ва таҳлили онҳоро доранд. Истифодабарандагони ин система органи олии менеҷмент буда, онҳо имконоти дохилшавиро ба базаи ахбории муҳити беруна ва дохилаи корхона, дар як муддати кӯтоҳ метавонанд вобаста ба вазъиятҳои бавуҷудомада, қарори стратегӣ қабул намоянд.

Дигар системаҳои ахборӣ - дар корхона моҳияти дуюминдараҷа дошта, дар қисмҳои алоҳидаи ташкилӣ истифода карда мешаванд. Истифодаи технологияи нав бо воситаи дастгирии гурӯҳҳо ташкил карда шудаанд, ки барои мутахассис он намебошанд.

Системаи дастгирии гурӯҳӣ - ин системаи интерактивии компютерӣ буда, қабули қарори гурӯҳиро сабук мегардонад. Мисол, иштирокчиёни идоракунии гурӯҳӣ дар назди компютер нишаста, дар масофаи беш аз 1000-ҳо километр ба якдигар кӯмак мерасонанд, ё ин ки қарорро бо ҳам мувофиқ менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ