Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Системаи озмоишӣ - ин усули сунъии ташкили зеҳнӣ мебошад, ки мақсади ниҳоии он пеш аз ҳама ба компютер чунин имконотҳои инсонӣ - фикр кардан, дидан ва гӯш карданро дохил намоянд. Системаи озмоишӣ бо роҳи дохил намудани донишҳои мутахассисонро ба компютер ва қайдгузории онҳо, ки модули муайян ва стратегияи муайяни қарори идоракуниро доранд, ба вуқӯъ мепайвандад.

Маълум мебошад, ки аксари фаъолиятҳо, ҳолату вазъятҳо дар корхонаҳо такрор мешаванд. Дар чунин як ҳолат ҳалли пешинаи ин қарор дар хотираи компютер вуҷуд дорад ва истифодабаранда метавонанд, ки ахборро такроран истифода кунанд.

Инкишофи системаи ахборӣ - технологияи системаи ахбории замони нав имкон медиҳад, ки ҳатто ҷаласаҳои идоракунӣ, ё конференсияҳо аз толорҳо ба тамоми ҷаҳон пурра паҳн карда шаванд.

Шаклҳои нави гурӯҳбандӣ ва истифодабарии ахбор пайдо шудаанд, ки мустақилона масъалагузорӣ менамоянд ва ин системаро, системаи дастгирии менеҷмент меноманд.

Ба системаи дастгирӣ дохил мешавад:

  • гурӯҳҳои дастгирӣ;
  • таъминоти географии система;
  • системаи интегратсионӣ;
  • системаи иттиҳодиягӣ.
  1. Гурӯҳҳои дастгирӣ - ин соҳаҳои нав дар технологияи таъминоти барномавии ахбории менеҷмент мебошад, ки барои дастгирӣ намудани алоқамандии ташкили байни корхонаҳо кӯмак мерасонад. Яке аз шаклҳои инкишофёфтаи системаи дастгирии гурӯҳӣ ин почтаи электронӣ мебошад. Дигар шакли хадамоти коммуникатсиониро қариб аз байн бурда аст.

  2. Системаи ахбории геграфӣ - яке аз намудҳои системаи дастгирии менеҷмент буда, истифодабарандагонро бо ахбори дар асоси картаҳои географӣ ва нақшаи маҳал тартиб дода шуда таъмин менамоянд. Чунин система қабули аналитикии қарорро дар соҳибкорӣ, идоракунии артишӣ, дар ҳолати пайдоиши ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ, дар истифодабарии замин ва тадқиқоти географӣ ва демографӣ таъмин менамоянд. Дар давраҳои аввал системаи ахбории географӣ

пешина
аз 465
навбатӣ