Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

увиши проблемаҳои географӣ ва ҳукумати маҳалҳо истифода д. Дар солҳои охир бошад, дар соҳаи саноат хеле васеъ истифода мешавад.

Дар шароити имрӯза системи ахбории географӣ барои банақшагирии тақсимоти маҳсулот ва таҳлили инкишофи тиҷорат дар минтақаҳо истифода карда мешавад.

  1. Системаи интегратсионии ахборӣ - маълум аст, ки ташкили системи интегратсионии ахборӣ аз якчанд системаи ахборӣ иборат мебошад. Системаи интегратсионӣ - ин якҷоя намудани якчанд усулҳои технологии ташкили системаи ахбориро мемонад, ки барои қабули қарори идоракунӣ кӯмак мерасонад. Яке аз шаклҳои инкишофёфтаи замони нави ташкили системаи ахборӣ «ташкили системаи шабакавӣ»-и корхона мебошад. Системаи шабакавӣ имкон медиҳад, ки коргарон дар як корхона, сохтори таркибии алоҳидаи истеҳсолӣ, ё худ бо минтақаҳои гуногун алоқа пайдо кунанд, инчунин хоҳиши харидорон ва ҳамкоронро ба эътибор гирифта, аз тариқи ин система талаботи онҳоро фаҳмида гиранд.

Ҳатто фармоиши харидор дар система пайдо шуда, аз рӯи дархости мизоҷон мол тайёр мекунанд. Мисол, агар компанияи автомобилсозӣ дар сети электронӣ фармоиши мизоҷонро гирад, оиди ранги автомобил, воситаҳои иловагие, ки он мехоҳад дар мошинааш бошад, инчунин дигар иловаҳое, ки мехоҳад, менависад. Корхона фармоишро қабул мекунад ва ба воситаи почта шартнома пешниҳод мекунад, инчунин ба бонк муроҷиат мекунад, ки маблағро гузаронад.

Вақте ки имкониятҳои компютерҳои фардӣ зиёд гардид, акнун коргарони корхонаҳо низ имконияти ба барномаҳо ва сетҳо дохил шуданро пайдо намудаанд.

Ташкили шабакаи компютерӣ ба менеҷерон имконият медиҳад, ки новобаста аз мавқеи географии коргарон сохторҳои истеҳсолӣ доимо бо онҳо дар алоқа бошанд ва ба онҳо супоришҳо дода, назорат намоянд.

Яке аз равандҳои дигари инкишофи системаи ахбории компютерӣ ин
ташкили барномаҳои миёнарав мебошад. Маълум аст, ки дар як ташкилот
якчанд намуди компютерҳо вуҷуд дорад, ки алоқаи онҳо, имконотҳои онҳо

пешина
аз 465
навбатӣ