Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
гуногун мебошад. Барои пайваст кардан ва таъмин кардани кори онҳо ин барнома истифода карда мешавад.
Дар системаи глобалӣ бошад, системаи миёнарав хеле ҳам зарур мебошад, чунки онҳо ҳамчун купруки байни системаҳои гуногун хизмат карда, дар баробари ин компанияҳо имкон доранд, ки шабакаҳои корпоративии локалии худро созанд, ё ки аз хизмати компютерӣ истифода намоянд.
Мисоли дигари истифодаи шабака дар соҳаи тандурустӣ хеле самаранок мебошанд, чунки на ҳама вақт ва на ҳамаи табибон таъиноти духтурро вобаста аз дарди бемор намуди касалиро муайян карда метавонанд. Бинобар ин дар вақти бо ин система кор кардан, дар сет номгӯи тамоми доруҳо, таркиби онҳо, шаклу тарзи истифодаи он, ташхиси бемор ба компютер дохил карда мешавад, намуди касалро муайян карда, доруҳоро пешниҳод мешавад. Хулоса, маълум мешавад, ки ташкили шабака нафақат барои кори дурусти менеҷмент кӯмак мерасонад, балки суръати ахборро тезонида, дурустии онро таъмин карда, хароҷотҳоро хеле кам мекунад.
5.4. Истифодаи стратегияи технологияи ахборӣ
Ҷараёни инкишофи технологияи ахборӣ имконоти пайдоиши шаклҳои нави соҳибкориро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муҳайё намуда, барои васеъ шудани шаклу усулҳои ҳамкории менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ имконотҳои навро ба вуҷуд меорад. Истифодаи системаи глобалии интернет ва сетҳои корпоративӣ ва инчунин системаи мунтазами озоди алоқа рақобатнокии корхонаро дар шароити бозор мустаҳкам гардонида, ҳосилнокии меҳнатро чанд карат зиёд мекунад. Инчунин имкон медиҳад, ки корхона, ё ширкат худро ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ гардонида аз тағйиротҳо ва ҳолатҳои беруна зуд хабардор гардад.
Дар ҳақиқат, интернет дар давраҳои аввали пайдоиши худ диққати одамонро бо худ ҷалб намуда буд. Одамон дар гӯшаҳои гуногуни курраи замин истода бо якдигар алоқа пайдо мекарданд. Аз тарафи дигар дар базаи ахбории интернет ҳар гуна бозиҳо, намуди китобҳо, ахбор вазъиятҳое пайдо гардидаанд, ки имкониятҳои соҳибкориро зиёд намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё