Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Имрӯзҳо интернет ҳамчун як шабакаи глобалии компютерӣ қисмати асосии соҳибкорӣ «раги хунгарди асосӣ» ба ҳисоб рафта, шакли соҳибкории нав гашта, миллиардҳо одамонро бо худ пайваст мекунад.
Технологияи ахборӣ ба корхона имкон медиҳад, ки раванди кории худро тезонад, хароҷотҳои истеҳсолиро кам кунад ва ҳамоҳангии сохторҳои таркибии истеҳсолии худро таъмин созад ва дар ҷамъ ҳосилнокӣ ва боздеҳии захираҳоро хеле баланд бардорад.
Маълум аст, ки баландшавии ҳосилнокии меҳнат суръати гардиши воситаҳои гардони корхонаро тезонида, якбора хароҷотҳоро хеле кам мекунад ва ин дар навбати худ, нархи молро паст карда, мавқеи молистеҳсолкунандаро дар бозор мустаҳкам мегардонад.
Ҳамин тариқ, истифодаи васеи системаи ахбори заруриятӣ дар корхонаҳо ташкил намудани шӯъбаи калони ахборӣ ва вазифаи мутахассиси калон оид ба ахборро пайдо мекунад, ки дар қабули қарорҳои стратегии корхона фаъолона бояд иштирок намояд. Инчунин ҳайати шӯъбаи ахбории корхона бояд мутахассисони касбие бошанд, ки барои корхонаро аз навовариҳои муҳити беруна хабардор намудан қобилият дошта, худашон низ ба навовариро ҷорӣ намудан маҳорат дошта бошанд.
Чи хеле ки дар боло қайд намудем, яке аз бартарияти инкишофи системаи ахборӣ дар он аст, ки имрӯз монеаҳои географӣ ва бюрократӣ дар ин система дида намешаванд. Истифодаи технологияи глобалии интернет имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои мутахассисон дар давлатҳои гуногун истода, як масъаларо ҳаллу фасл намуда, ба якдигар бевосита кӯмаки амалӣ мерасонанд.
Кӯмаки калони системаи ахбориро дар вақти коркарди нақшаи дарозмудати корхона дидан мумкин мебошад. Агар корхонаи калони байналхалқӣ бошад, имкон дорад, ки бо воситаи пайдо кардани шиносҳои худ дар давлатҳои гуногун, бо шиносшавии маданият, урфу одати мардум, дараҷаи зиндагонии мардум, курси арзи хориҷӣ ва ғайраҳо нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки барои коркарди нақшаи мақсадноки стратегӣ зарур аст, дар муддати хеле кам пайдо намуда, бо ҳамоҳангсозии омилҳои байналхалқӣ нақшаи дарозмуддати стратегии худро тартиб диҳад. Чунин нақшаҳо эҳтимолияти баланди иҷрошавадагӣ дошта, фоидаи хеле зиёд меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё