Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиши компютерҳои боқуввати фардӣ имконият пайдо намуд, ки мутахассисон дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд бо ҳам алоқа пайдо карда дар як муддати кӯтоҳ ахборро ба корхонаи худ ба роҳбарони худ мерасонанд.

Аз ин маълум мегардад, ки рақобати корхонаҳо ба дараҷаи волои худ расидааст ва характери глобалиро гирифтааст. Дар чунин як шароит суръати ҳаракати ахбор чунон тез гаштааст, ки дар муддати 2-3 сония аз як тарафи курраи замин ба қисми дигари курраи замин ахбор паҳн мешавад. Дар ин ҳолат хоҳ нохоҳ тактика ва стратегияи бизнес низ, хислату суръати худро бояд куллӣ тағйир диҳад. Дар аксари корхонаҳои байналхалқӣ, аллакай системаи ахборӣ як роҳи кофтукови рақобати стратегии нав гаштааст, ки онҳо аз имкониятҳои ахбор истифода карда, фикр карда, шаклҳои нави кор ва хизматҳоро меёбанд, ки чашму ақли одами оддӣ ҳеҷ онро дарёфт карда наметавонад. Масалан, аллакай шакли паҳншудаи хизматрасонӣ байни корхонаҳои фурӯшанда ва харидор оид ба кашонидани бор маъмул аст. Дар кадом вақте, ки зарур аст аниқ муайян мекунанд, ки қатора дар кадом қитъаи роҳ рафта истодааст, кадом соат ва дақиқа ба манзил мерасад. Дар вақти истифода аз сетҳои байналхалқӣ хатоҳои оддӣ қариб дида намешаванд, агар хатогии техникӣ пайдо шавад, тез ошкор гардида, ислоҳ карда мешавад.

Чунин як тағйирот ва пешравиҳо аз роҳбарони корхона талаб мекунад, ки онҳо дониши касбӣ дошта, ба ҷои корҳои пастсифати бесамар, корҳое иҷро намоянд, ки самаранокии калони иқтисодӣ ба даст меорад.

Агар менеҷменти корхона хоҳад, ки аз рушди технологии ахборӣ истифода кунад, бояд дар сохтори ташкили корхона низ, доимо тағйироту иловаҳо дохил карда, қисматҳои зиёдатие, ки аллакай нолозим мебошанду барои пешравии кори корхона таъсири манфӣ мерасонанд, бояд бартараф карда шаванд. Дар чунин як шароити корӣ доимо беҳтаршавии сохтори идоравии менеҷмент мушоҳида карда мешавад ва корхона дар рақобати бозор устуворона қадам мегузорад.

Хоҳ нохоҳ, қоида, функция ва усули роҳбарии менеҷмент низ гирифтори навоварии ахборӣ мегардад. Менеҷерро лозим меояд, ки аз як қатор услубу қоидаҳои кӯҳнаи роҳбарӣ даст кашад. Доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои прогресивии идоракунӣ буда, худашро низ ҳамчун шахси пешқадами ҷамъиятӣ нишон диҳад.

пешина
аз 465
навбатӣ