Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар ҳолате, ки менеҷер аз ӯҳдаи истифодаи технологияи ахбории навин намебарояд, вай аз инкишофи технологӣ қафо мемонад. Натиҷаи пассивӣ фаъолияти роҳбар корхонаро ба қафоравӣ меорад ва билохир муфлис карда, аз байн мебарад.
Бинобар ин роҳбар, менеҷеронро зарур мебошад, ки доимо дар ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нав ва самараноки технологияи системаи ахборӣ бошанд.
5.5. Ҷорӣ намудани шаклҳои технологияи нави системаи ахборӣ ва истифодаи он
Ҷараёни ташкилии ҷорӣ намудани шаклҳои нави технологияи ахборӣ раванди хеле мураккаб буда, яке аз роҳҳои асосии ба мақсад расидани менеҷмент ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷараён, пеш аз ҳама проблемаи маблағгузории сармоявӣ, ҷорӣ намудани технологияи нав ва қувваи зеҳнӣ, маҳорати касбӣ, ки аз ӯҳдаи ҷорӣ кардан ва истифодаи чизи нав мебароянд, муҳим аст.
Асосан ин ду проблемае, ки монеаи ҷорӣ намудани технологияи нави ахборӣ мегардад, қисми таркиби ташкили стратегии менеҷмент мебошад.
Бинобар ин муваффақияти ҷорӣ намудани навоварӣ дар навбати аввал аз худи менеҷмент талаботи зеринро мехоҳад:
ҳоҳиши қабул намудани технология ва системаи нави ахбориро доштан;
фаҳмида тавонистани бартарияти системаи нав ва дарк карда тавонистани он;
фаҳмонда додани бартарияти система дар назди роҳбарият ва истифодакунандагони системаи нав;
ҳавасманд будани менеҷмент барои қабули системаи нав.
Дар шароите, ки омилҳои дар боло номбаркардашуда мусбат ҳал шавад, омили дигаре, ки монеаи навоварии системаи ахборӣ мебошад, ин коргароне, ки бо ин система сарукор доранд.
Мушоҳида ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки истифодабарандагон, ё худ коргароне, ки бо системаи нав кор мекунанд зиддиятҳои зеринро доранд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё