Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Нобоварӣ ба системаи нав, бо сабаби он ки ахбори пурра надоранд, ё ин фаҳмиш надоранд.
-
Системаи нав хоҳ-нохоҳ аз онҳо дониши нав талаб мекунад. На ҳамаи коргарон хоҳиши донишашонро баланд бардоштан доранд.
-
Системаи нав аллакай аксари корҳоеро, ки онҳо худашон дастӣ иҷро мекарданд, аз байн мебардоранд.
-
Албатта ҷорӣ намудани системаи нав миқдори коргаронро дар шуъбаҳо кам мекунад, бинобар ин коргарон ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки ҷои кории худро аз даст диҳанд.
-
Баробари ҷорӣ кардани системаи нав шиддатнокии кор меафзояд, ки аз коргар қобилияти баланди корӣ ва кордонӣ талаб мекунад. Аксари коргароне, ки дар кор танбал ҳастанд, намехоҳанд, ки суръати корашонро тағйир диҳанд.
-
Сину соли ҳайати штатии менеҷмент ва коргарони истифодабаран-даи система ба қабули он монеъ мешаванд. Асосан коргароне, ки сину соли аз 50-сола боло аксаран мавридҳо намехоҳанд шаклу усули корашонро тағйир диҳанд. Инчунин онҳо қобилияти физиологии аз худ кардани чизи навро кам доранд.
-
Урфу одатҳо ва хислатҳои миллии халқҳои алоҳида, низ монеа мешавад, ки аксар маврид системаи бюрократӣ — маъмурӣ алоҳида бошад.
-
Хусуматҳои шахсии менеҷерон ва коргарони алоҳида.
-
Муҳити берунаи корхона. Яъне дараҷаи пасти институционалии сохторие, ки кори фаъолиятнокии системаро таъмин менамояд.
-
Мавҷудияти системаи маъмурии фармондиҳии давлатӣ. Аксари маврид монеаи ҷудо кардани маблағҳои капиталӣ барои ҷорӣ намудани технологияи нав мегарданд.
Технологияи нави ахборӣ як қатор бартариро дар кори менеҷмент пеш мегузорад, ки дар ҷамъ кори менеҷмент хеле самараноқ гашта, доираи фаъолияти он васеъ мегардад. Асосан ин пешравиҳо чунинанд:
- Усул ва сохтори ташкилии менеҷмент тағйир меёбад. Шуъба, ё звеноҳои зиёдатӣ ва кори дубора аз байн меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё