Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Самаранокии кори менеҷмент ва ҳар як аъзои коргарони идоравӣ пурра маълум мегардад. Коргари идоравӣ, ки аз уддаи кор намебарояд, аллакай худаш корро тарк мекунад ё худ донишашро сайқал медиҳад.
-
Идоракунӣ характери ғайримарказонидашуда гирифта, дар он тамоми табақаҳои идоракунӣ иштирок менамоянд.
-
Қоидаи менеҷмент дар як системаи муайяни ахбори ҷорӣ гашта, омилҳои бюрократиро аз байн мебардорад.
-
Қоидаи демократии идоракунӣ мавқеи худро бевосита дар фаъолияти менеҷменти корхона мустаҳкам менамояд. Аксари истифодабарандагон ба ахбори корхона имконоти шинос дошта метавонанд, барои беҳтар шудани он пешниҳод ва таклифҳои нав гӯянд.
-
Дар кадом давраи ҳисоботие ки набошад, таҳлили фаъолияти корхона ва назорати идоракунӣ куллан буда, дар муддати кӯтоҳ камбудиҳо ва монеаҳо муайян ва ислоҳ карда мешаванд.
Проблемаи дигаре, ки садди роҳи ҷорӣ намудани технологияи нави ахборӣ мегардад, ин пӯшонидани хароҷотҳо ва гирифтани фоида мебошад. Таҳлили илмии мактаби менеҷменти А. Слоуни институти технологияи Масачутсӣ нишон дод, ки ҳар як долларе, ки дар маблағгузории «компютер» истифода мешавад, солҳои 1987-1991 ба ҳисоби миёна 50 сент даромад овардааст. Дигар шаклҳои маблағгузорӣ бошад ба ҳисоби миёна 6-7 сент дар як сол фоида меоранд. Маълум аст, ки ҳар як навоварӣ камбудию проблемаҳои худро дорад, аммо фоиданокии онҳо дар маҷмӯъ хароҷот ва камбудиҳоро пурра рӯйпӯш менамоянд. Яке аз проблемаҳое, ки технологияи нави ахборӣ ба миён меорад, ин зиёд шудани шумораи ахбор. Дар ҳолате, ки менеҷменти корхона уддаи идора кардани ахборро надорад, албатта ба мушкилиҳо дучор мегардад.
Дар ин ҳолат менеҷменти корхона бояд гурӯҳи аналитикии худро дошта бошанд, ки коркарди пурраи ахборро дар корхона таъмин карда тавонад.
Аз тарафи дигар ҳар як коргари идоравӣ дониши хуби касбии истифодаи компютерро дошта бошад.
Бо мақсади то минимум кам кардани монеаҳо ва ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ахбори менеҷментуро зарур аст, ки стратегияи зина ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё