Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва устувории корхонаро таҳлил карда тавонанд, инчунин баҳо дода тавонистани он, ки ин омилҳо ба кори корхона то чӣ андоза таъсир мерасонанд. Барои ноил гаштан ба ин мақсад таҳлили идоракунӣ мегузаронанд.

Таҳлили идоракунӣ - ҷараёни баҳои комплексӣ додани захираҳои дохилӣ ва имконоти корхонаро меноманд, ки барои баҳо додани ҳолати ҷории бизнес - соҳибкорӣ, тарафҳои суст ва боқуввати он ва муайян кардани проблемаҳои стратегӣ истифода карда мешавад.

Мақсади ниҳоии таҳлили идоракунӣ — пешниҳод намудани ахбор ба менеҷерон ва дигар шахсони масъули корхона барои қабули қарори стратегӣ, интихоби мақсад ва вазифагузории дуруст, ки ба ояндаи корхона кӯмак мерасонад.

Дар адабиёти имрӯзаи иқтисодӣ шумо як қатор мафҳумҳои таҳлили иқтисодиро аз қабили «таҳлили фаъолияти корхона», «таҳлили дохилӣ», «худтаҳлилкунӣ», «бизнес-ташхис» ва ғайра дучор мешавед, ки дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо таҳлили захираҳои дохилии корхонаро дар бар мегиранд.

Таҳлили идоракунӣ — қисми таркибии менеҷменти стратегии корхона буда, барои муайян намудани равияҳо ва аспектҳои зарурии стратегияи инкишофи корхона равона карда шудааст. Дар ҷараёни чунин таҳлил захираҳои дохила ва имкониятҳои корхона барои ҳалли проблемаҳои стратегӣ муайян карда мешаванд, ки метавонанд мавқеи корхонаро дар рақобати озоди бозор нигоҳ доранд. Инчунин таҳлили чуқури захираҳои дохиларо дида баромада, таҳлили идоракунӣ ба захираҳои беруна низ равандҳои худро муайян месозад. Зарурияти таҳлили идоракуниро як қатор омилҳо ба миён гузоштаанд:

  1. Дар вақти коркарди стратегия корхона ва ҷорӣ намудани фаъолияти самараноки менеҷмент таҳлили яке аз унсурҳои асосии идоракунӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун қисми таркибии фаъолияти идорӣ мебошад.

  2. Зарурияти таҳлили идоракунӣ дар вақти баҳо додани корхона, аз нуқтаи назари молиягузории хориҷӣ, муайян кардани мавқеи корхона дар бозори миллӣ ва байналхалқӣ мебошад.

  3. Таҳлили идоракунӣ имкон медиҳад, ки захираҳо ва имкониятҳои корхона муайян карда шаванд ва дар шароити дигаргуншавии ҳолати беруна истифода карда шаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ