Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Яке аз равандҳои асосии таҳлили идоракунӣ, таҳлили муҳити корхона ба ҳисоб меравад.
Таҳлили муҳити корхона асоси муайян кардани мақсад ва миссияи корхона ба ҳисоб рафта, барои иҷрои вазифаҳо стратегияи иҷроиши он, инчунин назорати идоравии хизмат мерасонад.
Дар чунин як ҳолати имрӯзаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки имконоти дастрасии захираҳои беруна хеле ҳам кам мебошад, пайдо кардани захираҳои дохилии инкишофи корхона хеле самаранок буда, бояд мавқеи марказӣ дошта бошанд.
Таҳлили муҳити дохиларо дар пайдарпайии зерин иҷро мекунанд:
- Таҳлили макромуҳити корхона.
- Таҳлили микромуҳити корхона.
- Таҳлили муҳити дохилии корхона.
Дар муайян намудани стратегияи корхона маркетинг мақоми калон мебозад. Бинобар ин дар вақти муайян кардани мавқеи маркетинг дар фаъолияти корхона, аксари олимон фаъолияти маркетингии корхонаҳоро ба ҳайати фаъолияти идоракунии стратегӣ дохил менамоянд.
Стратегияи маркетинг бошад, дар асоси мақсадҳои маркетинг ва таҳлили стратегии идоракунӣ муайян карда мешавад. Ҳамин тариқ, як алоқамандии дутарафаи байни таҳлили идоракунӣ, интихоби стратегияи маркетинг, истифода ва назорати он, инчунин идоракунии стратегияи корхона дида мешавад, ки онро мантиқан чунин нишон додан мумкин мебошад (Нигаред ба расми 1).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё