Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Стратегияи глобалӣ - дар корхона ҳолате пайдо мегардад, ки моли он новобаста аз корхонаҳо ва давлатҳо мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ин равияи идоракунӣ дар асоси талаботу таклифоти бозори ягонаи байналхалқӣ сурат гирифта, оиди молҳои талаботи мардум, ё саноатӣ ташкил карда мешавад. Мисол, мувофиқи ин нуқтаи назар имрӯзҳо дар ҳама давлатҳои ҷаҳон моли ширкатҳои «Coca-Cola», ё ширкати Philips харидори худро дорад.
Стратегияи глобалии корхона имконият медиҳад, ки хароҷотҳоро барои истеҳсоли воҳиди мол хеле кам намоем. Вобаста ба зинаи стратегияи менеҷмент се дараҷаи он муайян карда мешавад: -
Стратегияи корпоративӣ.
-
Стратегияи соҳибкорӣ, ё бизнеси алоҳида.
-
Стратегияи функсионалӣ.
Стратегияи корпоративии менеҷменти корхона - корхонаро кулли дар бар гирифта, оиди фаъолияти пурраи корхона маълумот дода, оиди соҳибкории нав, сохтани сехи нав, ё заводи алоҳида, ё корхонаҳои муштарак мебошад. Қоидаи асосии чунин як равияи стратегӣ дар он аст, ки корхона бояд аз он стратегияе, ки солҳои тӯлонӣ фоида наоварданд ва сабаби пастравии корхона гаштаанд, даст кашад. Бо мақсади аз қарзҳои тӯлонӣ халос шудан ва дар қатори корхонаҳои пешқадам ҷойгир шудан.
Стратегияи бизнеси алоҳида — роҳи инкишофе мебошад, ки дар як сех сохторҳои таркибии истеҳсолӣ, ё истеҳсоли моли алоҳида сурат гирифта, роҳ ва усулҳои пешқадамро қабул менамоянд.
Стратегияи дараҷаи функсионалӣ - дараҷаи идоракунӣ бояд ба саволи он, ки мо то чӣ андоза соҳибкорӣ ва нақшаҳои стратегии корхонаро тарафдорӣ менамоем, яъне инчунин сохторҳои таркибии корхона, ба монанди шӯъбаи молия, истеҳсолот, маркетинг ва шӯъбаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва навоварӣ дар пешрафти онҳо дар идоракунӣ ҷавоби худро ёбад.
4.5. Таҳлили идоракунӣ дар менеҷмент
Дар баробари кор карда баромадани стратегияи инкишофи корхона,
менеҷерон бояд на фақат муҳити берунаро таҳлил кунанд, балки дигаргуниҳо ва
тағйиротҳои дохили корхона, тарафҳои мусбату манфии корхона, тарафҳои заифӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё