Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Стратегияи густариши хориҷии иқтисодӣ — экспансия, яъне оид ба ҳамаи намуди моли худ, ки дар хориҷа истеҳсол мешавад, литсензияи он давлатҳоро гирифтан.
Равияҳои стратегие, ки дар боло номбар карда шуданд, ин ҳолати кории корхона мебошад. Акнун дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва рақобати прогрессии илмию техникӣ корхонаҳо маҷбур мебошанд, ки усулҳои стратегии вазъиятиро истифода кунанд.
- Стратегияи афзоиш корхона дар асоси маблағгузории худӣ истеҳсолотро васеъ намуда, мехоҳад, ки ба бозори нави мол барояд ва ё бо роҳи ташкили корхонаи муштарак мехоҳад, ки бозори дигар давлатро дар назорати худ гирад.
Мисол, соли 1966 дар синни 27-солагӣ Лоран Бедайн вазифаи иҷрокунандаи директори компанияи Bombardiez-po-ро ба ӯҳда дошт, ҳаҷми солонаи фурӯши мол — асосан мотоцикли барфгарди «Ski-Doo» ҳамагӣ 15 млн.$-ро ташкил медод. Ҳоло бошад ӯ ширкати ҷаҳониро идора мекунад, ки се соҳаи иттиҳодияро дошта, ҳаҷми солонаи фурӯши молаш зиёда аз 3 млрд. доллари амрикои мебошад. Сабаби асосии ин муваффақият қарори стратегии Л. Бедайн буд, ки як қатор ширкатҳои муфлисшавандаро харида гирифта, ба як ширкати боқуввати истеҳсолӣ мубаддал гардонид.
-
Стратегияи мувозинатӣ — қаноат кардан ба ҳудуди истеҳсолие, ки корхона дорад, бо роҳи инкишофи мунтазами корхона, ки назоратшаванда мебошад, онро васеъ кардан асосан чунин ҳолат дар корхона баъди инкишофи баланд мешавад, ки корхона беандоза афзоиш ёфта, назоратнашаванда мешавад.
-
Стратегияи сарфакорӣ – ин стратегияро корхона дар ҳолате пеш мегирад, ки агар давраи бӯҳрон, пастшавии иқтисодӣ ва бой додани бозори моли корхона бошад. Дар ин ҳолати стратегӣ роҳбарияти корхона қисмати зиёди коргаронро кам мекунад, шӯъба ё сехҳои алоҳидаро мефурӯшад бо мақсади кам шудани хароҷотҳои корхона. Мисол, барои он ки авиакомпанияи «Continental»-ро аз карахтӣ бароранд, директор Гордон Бетюн аз кор 5000 коргарро озод намуда, фармон дод, ки ҳамагӣ 41 самолёт монанду халос ва дигар самолёти нав нагиранд. Чунин мисолҳо дар ҳаёти соҳибкории корхонаҳо бисёр мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё