Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Стратегияи идоракунии соҳавӣ - дар асоси идоракунии роҳбарияти болой ба назорати худ гирифтани як соҳаи корхонаро, ё моли алоҳидаро пурра бо мақсади диверсификатсияи фаъолият дар асоси пайдоиши соҳаи нав, ё аз байн бурдани соҳаҳои ҷудогонаи корхона, ки бо мақсад мувофиқ нест.
-
Стратегияи навоварӣ - дар худ сиёсати инкишофи технологӣ, сиёсати маблағгузории капиталӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нав ва маҳсулоти навро дарбар мегирад. Асосан, ин раванди стратегӣ объекти алоҳидаи тадқиқотиро дар бар мегирад, ки бо ёрдами он корхона бо таври мунтазам дар ҷустуҷӯи навоварӣ мебошад.
-
Стратегияи маблағгузории капиталӣ - ин муайян кардани самтҳои асосии маблағгузории капиталии корхона, доир ба ҳар моли алоҳида ва равияи фаъолияти алоҳида, инчунин умуман корхонаро муайян месозад. Таҳлили дараҷаи маблағгузорӣ дар корхонаҳои рақиб, иҷроиши нақшаи маблағгузорӣ ва имконоти корхона оиди маблағгузорӣ дар оянда ва амсоли ин дар самти маблағгузории сармояи муҳим аст.
-
Стратегияи инкишоф - ин равия бо мақсади таъмин намудани инкишофи устувори корхона ва шӯъбаҳои он мебошад. Стратегияи инкишофро аз рӯи унсурҳои зайл, ба монандӣ шакли нави мол, баланд бардоштани қобилияти рақобатии мол дар бозор, зиёд кардани экспорт, сохтани корхонаи нав, зиёд кардани маблағгузории хориҷӣ дар бар мегирад.
-
Стратегияи азхудкунӣ (фурӯбарӣ) - ин равия бо мақсади ба даст даровардани саҳмияҳои корхонаҳои дигар, таъмин намудан ва ба даст овардани суръати баланди прогрессии илмию техникӣ бо роҳи дохил шудан ба бозори дигар соҳаҳои иқтисодӣ мебошад.
-
Стратегияи маблағгузории хориҷӣ - ба сохтани корхонаи истеҳсолии худ, дар қисматҳои алоҳидан раванди истеҳсолӣ аст, ба монандӣ коркарди ашёи хом, ё ҷобаҷо кардани деталҳои алоҳидаи машинаю таҷҳизот ва амсоли ин.
-
Стратегияи васеъ кардани фаъолияти содиротии корхона - кор карда баромадани чорабиниҳое, ки васеъ намудани экспорти корхонаро таъмин менамоянд ва дараҷаи таваккалро паст мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё