Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

интихоби вариантҳои оптималии инкишофи корхона; қабули қарори идоракунӣ оиди кор карда баромадани нақшаи дарозмуддати инкишоф ва фаъолияти корхона.

Дар вақти кор карда баромадани стратегияи инкишофи корхона дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳо фикрҳои стратегие пайдо мешаванд, ки бо аппарати идоракунии корхона мутобиқ кунонида мешаванд. Равияҳои нави истеҳсолӣ, идеяи истеҳсоли молҳои нави талаботи замонавӣ пайдо мешаванд, инчунин ҳар гуна лоиҳаҳо ва мақсадҳои роҳвор пайдо мегарданд.

Вобаста аз вазъияти баамаломада тағйир додани стратегияи инкишофи корхона бояд дар системи гурӯҳбандӣ истифода карда шавад, ки қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
назорати доимии омилҳои беруна ва таҳлили онҳо (омилҳои бозор, илмию техникӣ, умумииқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ);
расонидани натиҷаи таҳлил ба диққати роҳбарон ва баҳо додани онҳо;
ҷудо кардани проблемаҳои мураккаб, ки ҳалли фаврӣ талаб мекунанд;
масъалаҳои дуюмдараҷае, ки дар давраи оянда ҳал кардан мумкин аст;
вазифаҳое, ки назорати доими талаб мекунанд;
вазифаҳое, ки диққат талаб намекунанд ва нолозим мебошанд.

Идоракунии стратегӣ муайян месозад, ки корхона барои оянда мавқеи худро доир ба ҳар як намуди фаъолият муайян месозад:

Асосан намудҳои зерини стратегияи корхона дида мешавад:

  1. Стратегияи бозорӣ ва маҳсулотӣ - барои муайян кардани намуди аниқи маҳсулот ва технологияе, ки корхона истеҳсол мекунад, шаклу усули фурӯш, роҳҳои баланд бардоштани тоб овардан ба рақобати баланд.
  2. Стратегияи маркетингии корхона - бо мақсади мустаҳкам кардани фаъолияти корхона дар бозор вобаста аз мавқеи мол, дараҷаи хароҷот барои омӯзиши бозор, чорабиниҳо оид ба васеъ кардани фаъолияти маркетингии корхона, интихоби бозор фаъолият бурдан аст.
  3. Стратегияи рақобатии корхона - бо мақсади кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ, ягонагӣ ва баландбардории сифати моли корхона, муайян кардани унсурҳои нави фаъолият дар бозорҳои алоҳида аст.
пешина
аз 465
навбатӣ