Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
4.4. Системаи стратегии идоракунии корхона
Стратегияи корхона, ё фирма — системаи чорабиниҳо мебошад, ки дар оянда барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад. Моҳияти коркард ва ҷорӣ кардани чорабиниҳои стратегӣ дар он зоҳир мегардад, ки аз вариантҳои гуногуни равандҳои инкишоф интихоб намудани раванди самараноке, ки барои фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ равона карда мешавад. Системаи стратегии идоракунии корхона дар шароити имрӯза вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
❖ ҷудо кардани захираҳо барои мақсадҳои стратегӣ новобаста аз сохтори мавҷудаи идоракунии корхона; ❖ ташкил намудани марказҳои роҳбарӣ барои ҳар як мақсадҳои стратегӣ; ❖ баҳодиҳӣ ва ҳавасмандкунонии сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва роҳбарони он вобаста аз иҷрои мақсадҳои стратегӣ.
Коркарди стратегияи корхона дар зинаҳои болоии идоракунӣ сурат гирифта, барои иҷрои вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
❖ коркарди мақсадҳои стратегӣ; ❖ баҳо додани имконотҳо ва захираҳои корхона; ❖ таҳлили тағйиротҳо дар фаъолияти маркетингии корхона; ❖ муайян кардани стратегияи ояндаи корхона; ❖ тайёр кардан ва кор карда баромадани нақшаҳои оҷилии фаъолияти корхона барои буҷети корхона; ❖ баҳо додани фаъолияти корхона вобаста аз вазифа ва мақсадҳои оянда.
Вобаста аз зарурияти ҳалли масъалаҳои стратегии корхона вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:
❖ баҳо додани қудрати истеҳсолию захиравии корхона ва имконоти он барои иҷрои мақсад; ❖ таҳлили омилҳои дохила ва беруна, ки пешравии корхона ва устувории фаъолияти онро аз ҷиҳати тиҷоратӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ таъмин менамояд; ❖ чорабиниҳое, ки барои аз вазъияти ногувор баромадани корхона таъсир мерасонанд; ❖ баҳои равияҳои интихобии корхона;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё