Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Сохтори ташкилии корхонаҳо асосан аз рӯи моҳияти «функционалӣ» ва «назоратӣ» ташкил карда мешавад. Вобаста аз ин корхонаҳо, шӯъбаҳо, коргоҳ, идораи худро доранд. Самаранокии кори менеҷмент ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар ин сохтор дар координатсия кор кунанд.

  1. Вазифаҳо. Яке аз шакли тақсимоти меҳнат дар корхона ба ҳисоб меравад. Вобаста аз вазифааш ҳар як шахс ӯҳдадор мешавад, ки гурӯҳи муайяни амалиётро ба ӯҳда дошта бошад.

Самаранокии кори менеҷмент дар ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки агар вазифа аниқ тақсим шуда бошанд ва ҳар як шахси вазифадор кори худашро иҷро намояд. Агар иҷрои вазифа такрор ва ё болои ҳам шавад он гоҳ муноқиша ва норизогӣ дар корхона пайдо шуда, кори менеҷмент суст мегардад.

  1. Технологияи корхона яке аз омилҳои асосии замони мо ба ҳисоб меравад. Менеҷере, ки аз ӯҳдаи истифодаи технологияи нав намебарояд, аллакай ба талаботи корхона ҷавобгӯ намебошад ва садди роҳи пешравии корхона мегардад. Аз дигар тараф истифодаи технологияи нав имкон медиҳад, ки қисматҳои зиёдати сохтори корхона аз байн бардошта шуда, суръати ҳаракати ахбор тезонида сифатан хуб шуда, самаранокии кори менеҷмент меафзояд.

  2. Одамон — менеҷменти корхона бо кӯмаки дигар одамон ба таври мукаммал амалӣ мешавад. Бинобар ин одамон омили марказии модели идоракунӣ мебошанд.

Таъсири ин омилро менеҷменти корхона дар се ҳолат муайян мекунад:

  1. Рафтори одамони алоҳида.

  2. Рафтори гурӯҳи одамон.

  3. Рафтори роҳбарон дар корхона.

Барои менеҷмент аз ҳама муҳим омӯзиши рафтори одамон мебошад, чунки ин раванди хеле мураккаб буда, бо якчанд омили кушода ва пӯшидаи психологӣ, сиёсӣ, миллӣ ва физиологӣ вобаста мебошад, ки ҳеҷ як менеҷер қобилияти пурра омӯхтани ин омилро надоранд. Аммо аксари маврид рафтори одамон ба он вобаста мебошад, ки роҳбари аввали корхона чӣ хел муҳити корӣ ташкил мекунад, бинобар ин хуб мешуд, ки роҳбарони корхона муҳитеро пайдо кунанд, ки барои ба мақсад расидан кӯмак расонанд.

пешина
аз 465
навбатӣ