Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
бевосита аз сарчашманд молиягузорӣ, хизматҳо ва сари вақт таъмин намудани ашъёи хом мебошад.
Аксарият ҳолатҳое мешавад, ки корхонаҳо аз маблағгузор ва молрасонони худ қарзҳои кӯтоҳмуддат мепурсанд, ё ин ки хоҳиши молрасонии пешпардохт пеш мегузоранд. Бинобар ин барои менеҷменти корхона зарур аст, ки ҳамаи ӯҳдадорӣ ва фаъолиятҳои молиявию пулие, ки ба корхонаҳои ҳамкор вобаста мебошад, саривақт ва бе фиребгарӣ иҷро намояд.
Ҳамин тариқ, муваффақияти кори менеҷменти корхона дар он мебошад, ки агар доимо аз омилҳои берунае, ки дар боло номбар карда шуданд, бохабар бошад, пешгӯӣ карда тавонад ва дар фаъолияти кории худ ин омилҳоро ба инобат гирад.
-
Муҳити дохилӣ — ин омилҳои вазъиятро меноманд, ки дар дохили корхона ба вуҷуд меоянд.
-
Ташкилот, ё корхона — ин гурӯҳи одамоне меноманд, ки мақсади умумӣ дошта, фаъолиятҳои дастаҷамъона доранд. Ин гурӯҳи одамон системаеро ташкил кардаанд, ки худ натиҷаи қарори идоракунӣ мебошанд. Тағйиротҳои асосие, ки дар дохили корхона ба миён меоянд ва диққати менеҷментро ба худ ҷалб мекунанд, инҳо мебошанд:
мақсад ва масъалагузорӣ;
сохтори ташкилӣ ва истеҳсолии корхона;
вазифагузорӣ ва тартиботи иҷроиши он;
технологияи истеҳсолӣ ва одамон.
Мақсад ва вазифагузории менеҷмент гуногун мебошад, вобаста аз характери корхона, ки мо дар қисми аввали ин китоб ба шумо пешниҳод намудаем. Фақат илова карданием, ки вобаста аз хислату хусусияти корхона мақсади он низ фарқ мекунад. Яъне агар корхонаи тиҷоратӣ бошад, дар навбати аввал, мақсади асосӣ гирифтани фоидаи калон мебошад. Корхонаи ғайритиҷоратӣ бошад, мисол донишгоҳ ва институтҳо мақсади кам кардани хароҷот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад.
Сохтори ташкилии корхона - ташкили зинавии мантиқии идоракунии корхона буда, вобаста аз ҳаҷму хусусияти корхона бо мақсади самараноки иҷрои вазифа мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё