Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

боварии мардум даромадааст, метавонад, ки коргарони қобилияти хуб доштаро ба худ ҷалб намояд.

  1. Дараҷаи шуғли аҳолии маҳаллӣ, аз он вобаста, ки дониш дар кадом дараҷаи инкишоф дар ноҳия, ё минтақа қарор дорад, аз тарафи дигар ба маълумотнокӣ ва касбдонии коргарон вобаста мебошад. Корхонае, ки нав ташкил карда мешавад, маҷбур аст, ки аз ҳисоби захираҳои худӣ коргаронро омӯзонад ва тайёр намояд.

  2. Имконоти мавҷуд будан ва имкон доштани аҳолӣ ба таҳсил. Маълум аст, ки коргаре, ки дониши суст дорад ва дараҷаи маълумоти миёнаи касбӣ дорад, доираи фаъолияти худро дар доираи ноҳия, ё минтақаи худ мегузаронанд. Бинобар ин, барои менеҷмент маъқул аст, ки асосан коргарони маҳаллӣ бисёртар дониши касбӣ дошта, асосан онҳоеро тайёр кунанд, ки барои ояндаи корхона зарур мебошанд.

  3. Шахсони манфиатдор. Гурӯҳи одамоне, ки барои фаъолияти корхона манфиатдор буда, дар ҷамъият мавқеи худро доранд ва таъсир расонида мерасонанд. Умуман шахсони манфиатдорро ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунанд:
    ❖ тамоми ҷамъият — талаб мекунанд, ки корхона барои ҷамъият низ ҳиссаи худро гузорад, ҳукуматро дастгирӣ намояд, инчунин фаъолияташро ба таври қонунӣ ба роҳ монад; ❖ аҳолии маҳаллӣ — талаб доранд, ки корхона шуғли доимии аҳолиро дастгирӣ намояд, дар чорабиниҳои маданию маишӣ иштирок намояд; ❖ саҳҳомон - талаб доранд, ки дар тақсимоти фоида иштирок намоянд.
    Инчунин онҳо ҳуқуқ доранд, ки ҳар сол дар съезди саҳҳомон иштирок намоянд, ҳуҷҷатгузориро тафтиш намоянд, дар интихобот иштирок намуда, намояндаи худашонро пешниҳод намоянд; ❖ иттифоқи касаба — намояндагони ин ҷамъият ҳаракат доранд, ки дар ҳаёти истеҳсолию иқтисодии корхонаҳо иштирок намоянд.

Дар маҷмӯъ чор гурӯҳи одамон номбар карда шудаанд, ки ҳамагӣ як мақсад доранд, ин ҳам бошад баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардум, ки мақсади охирони корхона, низ ҳамин мебошад.

  1. Кредиторон ва молтаъминкунандагон. Аз ҳама муносибати мустаҳкам
    ва зарурӣ боиси омили беруна мебошад, чунки инкишоф ва пешравии корхона ин
пешина
аз 465
навбатӣ