Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Менеҷменти корхона ин маълумотҳои рақибро дониста метавонад, ки аз ӯ пеш гузарад.

  1. Истеъмолкунандагон. Барои он, ки нақшан стратегии корхона дуруст кор карда бароем мо бояд пешакӣ оиди гунҷоиши бозор, вақти хариди мол инчунин модели тағйирёбии талаботи истеъмолкунандаро бояд, ки донем.

Дар вақти тартиб додани нақши истеъмолкунанда чор намуди ахбор истифода карда мешаванд:
❖ ахбори географӣ;
❖ ахбори демографӣ;
❖ ахбори психологӣ;
❖ ахбори рафтории истеъмолкунанда.

Пеш аз ҳама зарур мебошад, ки ҳудуди географиро муайян созед, ки дар он истеъмолкунандагони шумо ҷойгир мебошанд. Дар баробари ин миллати он сарзамин, дину оин, деҳотӣ, ё шаҳрӣ будани он, миқдори аҳолӣ, инчунин донистани дигаргуниҳои демографӣ, асосан сину сол, ҷинсият, миқдори оилаҳо, тарзи зиндагонии онҳо, урфу одат ва синфи иҷтимоии харидор зарур мебошад.

Аз дигар тараф шахсият ва тарзи зиндагии ӯ, пешво, мартаба, ё худ мавқеи истеъмолкунанда омилҳое мебошад, ки менеҷмент дар вақти тартиб додани нақшаи стратегии корхона бояд, ки ба инобат гирад.

  1. Таъсири ҳукумат. Дар ҳамаи давраҳои фаъолият ба ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ новобаста ба он ки дар кадом мамлакате, ки шумо корхона доред ва соҳибкорӣ мекунед, чӣ дар Ҷопон, ШМА, Фаронса, ё Англия ташкилоти ҳукуматии тиҷоратӣ ба Шумо таъсири худро мерасонанд. Бинобар ин хоҳ нохоҳ шумо дар кадом давлате, ки набошед, бояд дар доираи қонун ва қоидаҳои ҳамон давлат кор ва фаъолият намоед. Ҳимояи ҳуқуқ ва вазифаҳои шумо дараҷаи донишу малакаи маъмурияти ин давлатҳо марбут аст.

  2. Захираҳои меҳнатӣ. Доимяти ҳайати кории коргарон, таҷрибаи хуби корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи касбии онҳо яке аз вазифаи муҳими менеҷменти корхона мебошад.

Се раванди омӯзиши ин омил ҷудо карда мешавад:

  1. Обрӯю эътибори корхона дар байни аҳолӣ. Корхона ё ширкате, ки эътибори хуб дорад ва шароити хуби меҳнатиро ташкил карда ба
пешина
аз 465
навбатӣ