Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Вобаста аз ин ду хусусият барои менеҷмент донистан як қатор нишондиҳандаҳои демографӣ зарур мебошад:

миқдори зану ва мардҳо;

давомнокии умри марду зан;

умри миёнаи одамон;

афзоиши аҳолӣ умуман ва дар минтақаҳо;

даромади оила;

дараҷаи шуғли аҳолӣ;

дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ;

даромад аз рӯи сину сол ва ҷинсият;

таркиб ва сифати хӯроки аҳолӣ ва либоспӯшии он;

дину оин, урфу одат ва тарзи зиндагии мардум.

  1. Таъсири технологӣ. Соҳибкорӣ бояд, ки баробари прогресси технологӣ қадам гузорад, дар ҳама давраҳои истеҳсолот — истеҳсол, коркард, ҷиҳоз, хизматрасонӣ, ҳаракати мол то истеъмолкунанда ва ғайра. Чунки навоварии технологӣ барои менеҷменти корхона омили хеле муҳим мебошад. Яъне навоварии техникӣ инкишофи усулҳои нави техникӣ, равандҳо истеҳсоли молҳо ва технологияи илмӣ мебошад, ки менеҷменти корхона бояд аз он бохабар бошад. Омилҳои беруна, ки ба фаъолияти корхона таъсири бевосита мерасонад.

  2. Рақобати корхона. Омӯзиши фаъолияти корхона — фирмаи рақиб хеле муҳим ва мураккаб мебошад. Нишондиҳандаҳои зарурие, ки бояд менеҷменти корхона оиди корхонаи рақиб донад, инҳо мебошад:

ҳиссаи рақиб дар бозор;

ҳаҷми умумии истеҳсолии рақиб;

самаранокии фурӯши мол;

нархи мол ва бартарии сифати моли ӯ;

тарзу усули реклама;

тарзу усули технологияи истеҳсолӣ ва технологияи менеҷмент;

таваккал ва ҳосилнокии меҳнат;

сифати маҳсулот;

коркард ва барориши моли нав;

дараҷаи квалификатсияи ҳайати коргарон.

пешина
аз 465
навбатӣ