Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

истеҳсолоти бепартов, сохтани заводҳои партовсузонӣ ё коркарди партов, инчунин ҷудо кардани маблағҳо ва чорабиниҳою хизматҳои рекреатсионӣ.

  1. Таъсири иқтисодӣ — ин омил дар раванди истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматҳои корхона ки дар ягон минтақа, ё давлат ҷойгир мебошад, дида мешавад.

Корхона пеш аз он ки фаъолияти худро дар ин, ё он давлат, ё минтақа сар кунад бояд, ки оиди дараҷаи зиндагии ин мардум, даромади аҳолӣ, урфу одати онҳо, андозситонӣ, фоизи қарзи банк, маданияту дин, урфу одати мардум менеҷмент бояд маълумот дошта бошад.

  1. Таъсири ҳуқуқию сиёсӣ. Доираи таъсири ин омил дар корхона хеле васеъ буда, аз то чӣ андоза хирадмандона будани ин актҳои меъёрӣ даромаднокии корхона вобаста буда, фаъолияти ояндаи ӯ муайян мегардад. Дар доираи ин қонуниятҳо корхона бояд, ки музди меҳнатро муайян созад, шартномаҳо баста фаъолияти бонкии худро амалӣ гардонад, нархи моли худро ба танзим дарорад. Инчунин аз ҳама омили муҳим муносибати худро ба органҳои маъмурию давлатӣ мутобиқ созад.

Маълум аст, ки аксари қонуниятҳо доираи фаъолияти корхонаҳоро маҳдуд намуда, ба фоиданокии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аммо ҳолатҳое дида мешавад, ки ин актҳои меъёрӣ ба ҳимояи молистеҳсолкунанда низ равона карда шуда, фаъолияти онҳоро ҳавасманд менамояд.

  1. Таъсири иҷтимоию маданӣ — албатта таъсири ин омилро дар фаъолияти ҳаррӯзаи корхонаҳо мушоҳида кардан мумкин аст, вақте одамон мехоҳанд, муҳитрӯ ва предметҳоро ба худ мувофиқ намуда, истеъмол намоянд, корхона маҷбур аст, ки ба талабот мувофиқ мол барорад ва фаъолият намояд. Чунин як вазъият хоҳ нохоҳ ба қарордоди менеҷменти корхона таъсири калон мерасонад ва менеҷер дар вақти қабули қарори идоракунӣ ин ҳолатро низ бояд ба инобат гирад.

  2. Таъсири раванди демографӣ — таҳлили пешгӯиҳои демографӣ ва худи ҷараёни ин омил барои кори менеҷменти корхона омили зарурӣ мебошад. Чунки менеҷменти корхона зиёдшавии аҳолиро аз рӯи ду моҳият нигоҳ мекунад:

  3. Миқдоран зиёд шудани харидорон — истеъмолкунандагон.

  4. Сифатан пайдоиши қувваи кории нав.

пешина
аз 465
навбатӣ