Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
4.3. Таъсири муҳити беруна ва дохила ба фаъолияти
менеҷмент
Дар назарияи идоракунӣ ақидаи муҳити беруна ва таъсири он ба фаъолияти корхонаи алоҳида дар охири солҳои 50-ум ба миён омадааст. Ин ақида дар омӯзиши услуби системавии идоракунӣ мақоми арзанда дорад.
Дар концепсияи услуби вазъияти идоракунӣ низ услуби муайян кардани омили дохила ва беруна шарти зарурии характери корхона мебошад.
Муҳити беруна — ин қувваҳои беназоратие мебошанд, ки ба кори менеҷери корхона ва ба муҳити дохилаи корхона таъсири худро мерасонанд. Ин омилҳо хеле зиёд ва бо ҳам алоқаманд мебошанд, ки аксари маврид менеҷменти корхона барои интихоби қарор мушкилӣ мекашад.
Аз нуқтаи назари таъсиррасонӣ ин омилҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:
-
Омилҳое, ки таъсири бавосита доранд;
-
Омилҳое, ки таъсири бевосита доранд.
Омилҳои бавосита гуфта, омилҳоеро меноманд, ки онҳо новобаста аз фаъолияти дохилии корхона, берун аз он сарчашма гирифта, таъсири худро бевосита мерасонанд. Ин таъсирот ба қисмҳои зерин ҷудо карда мешаванд.
-
Таъсири экологӣ — ин омиле мебошад, ки аз қарори идоракунӣ дур ҳам бошад, таъсири худро ба фаъолияти корхона мерасонанд. Аз охири солҳои 70-уми асри XX сар карда, дар аксари давлатҳои тараққикардаи саноатӣ проблемаи муҳити зист, ифлосшавии атмосфера, таъсири партовҳо ба захираҳои об, инчунин нобуд кардани партовҳои истеҳсолӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз шудааст. Вобаста аз ин дар аксари давлатҳо норасогии захираҳои об, замини форам, нобудшавии ҷангалзорҳо мушоҳида мешавад, ки хоҳ нохоҳ таъсири худро ба фаъолияти корхонаҳо мерасонанд. Таъсири ин омил бо ду роҳ ҳаллу фасл меёбад.
-
Бо роҳи қабули як қатор қонунҳо ва актҳои меъёрию ҳуқуқии танзимдарорандаи ин ҷараён аз тарафи давлат.
-
Бо роҳи кам кардани таъсиррасонии фаъолияти корхонаҳо бо муҳити зист,
яъне бо роҳҳои беҳтар кардани технологияи истеҳсолӣ, гузаштан ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё