Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Навоварӣ — вазифаҳои мақсаднок дар ин бахш, пеш аз ҳама муайян кардани усулҳои нави соҳибкорӣ, ташкили истеҳсоли намуди нави мол, истифодаи технологияи нав ва тарзи ташкили истеҳсолот мебошад.
-
Ҳосилнокӣ — ҳамон корхона самаранок ҳисоб карда мешавад, ки агар барои ҳар як воҳиди маҳсулот хароҷоти ками захираҳои иқтисодиро истифода барад. Бинобар ин нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат ва сарфа кардани захираҳо нишондиҳандаи сифатии корхонаҳо ба ҳисоб меравад.
-
Захираҳо — талабот ба ҳама гуна захираҳо муайян карда мешавад.
Захираҳои мавҷудбуда ва зарури муқоиса карда шуда, муайян карда мешавад.
Зарурати захираҳои иловагӣ, тарзи пайдоиши онҳо ва таъминоту истифодаи онҳоро муайян мекунад. -
Фоиданокӣ — ин мақсад бо нишондиҳандаҳои миқдории ҳаҷми фоида ва дараҷаи даромаднокӣ муайян карда мешавад.
-
Равандҳои идоравӣ. Албатта, гирифтани фоидаи калон, ин пеш аз ҳама вобаста мебошад аз қобилияту кордонӣ, тарзу усули ташкили кори менеҷменти корхона. Маҳз бо ташкили менеҷменти стратегӣ ба мақсад ноил шудан мумкин мебошад.
-
Ҳайати корхона. Дар ин бахши мақсади корхона пеш аз ҳама дар нигоҳ доштани ҳайати доимии коргарон, таъмин намудани музди меҳнати мувофиқ, беҳтар кардани шароит ва мотиватсияи меҳнат равон шудааст.
-
Ҷавобгарии иҷтимоӣ. Дар шароити имрӯза аксари иқтисодчиёни ғарбӣ дар чунин ақида мебошанд, ки корхонаҳо бояд на фақат барои гирифтани фоидаи зиёд, балки барои пайдо кардани эътибори худ дар байни ҷамъият кӯшиш кунанд. Ҳавасмандии коргарон, фароҳам овардани шароити хуби муҳити зист барои ҷамъият ва фароғати одамон, дастгирии мардуми камбизоат ва ғайраро ташкил намоянд.
Аз гуфтаҳои боло маълум гашт, ки мақсади корхона якчанд бахшҳои муҳимро дар бар мегирад. Мураккабии интихоби мақсад дар он аст, ки менеҷмент бояд пайдарпай ва самаранок иҷрошавии онҳоро таъмин карда тавонад. Барои иҷрои ин мақсад муҳити дохила ва берунаи корхона, инфрасохтураи менеҷмент моҳияти калон дорад, ки мо онро дар мавзӯи ояндаи китоб пешниҳоди шумо кардаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё