Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Стратегияи корхона гуфта, асосан нақшан амалиётҳоеро меноманд, ки барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад, вобаста аз захираҳое, ки дар корхона мавҷуд мебошанд.
Дар вақти кор карда баромадани коркарди нақшаи стратегияи корхона, пеш аз ҳама омилҳои муҳити беруна, вазъияти сиёсию иқтисодӣ, инчунин захираҳои дохилаи корхона низ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Ҳамин тариқ, ташаккулёбии стратегияи инкишофи корхонаро ба 4 давра ҷудо кардан мумкин аст:
Давраи 1-ум — муайян кардани мақсад:
аниқкунӣ ва ба соҳаҳо ҷудо кардани он;
пешгӯии фаъолияти оянда вобаста аз ҳолати имрӯза ва мақсади оянда.
Давраи 2-юм — таҳлили масоил:
масоили муҳити беруна;
масоили муҳити дохила;
баҳои бартарияти рақибон.
Давраи 3-юм — муайян намудани ташаккули стратегия:
кор карда баромадани вариантҳои инкишоф;
баҳо додани вариантҳо;
эҳтимолияти натиҷагирӣ;
қабули қарори стратегӣ.
Давраи 4-ум — амалӣ гардонидани стратегия:
тартиб додани план ва буҷети корхона;
мушоҳида ва назорат.
Ҳамин тариқ, як аз давраи муҳими равандҳои стратегияи менеҷмент барои ба мақсад расидан ин интихоби мақсадҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати корхона мебошад. Барои муайян кардани мақсади худ корхона бояд 8 бахши зеринро ба инобат гирад:
- Вазъият дар бозори корхона — мақсади талаботи бозор мумкин аст, пешвонро аз рӯи як, ё ду намуди мол, зиёд кардани он бояд то андозаи имконот бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё