Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

идорӣ - яъне мавҷуд набудани таъмини кафолати дастгирӣ аз тарафи роҳбариятҳои болоӣ ва худи корхона;

истеҳсолӣ — норасогии қобилиятнокии истеҳсолии корхона барои амалӣ гаштани стратегия.

Ба амалӣ гардонидани стратегия фақат ҳамон вақт сар кардан зарур аст, ки агар даромадҳои оянда, имконотҳои таваккалро пӯшонанд. Дар ин ҳолат менеҷменти корхона қарордоди стратегӣ қабул мекунад.

Қарордоди стратегӣ - қарори идоракуниеро меноманд, ки дар навбати аввал ба ояндаи корхона равона карда шуда, барои қабули қарорҳои оперативӣ ҳамчун пойдевор хизмат мерасонад. Дуввум дорои як қатор мураккабиҳо мебошад, чунки омилҳои берунаи соҳибкориро низ ба ҳисоб мегирад, ки ба фаъолияти корхона таъсири худро мерасонанд. Сеюм ин, ки захираҳои калоне зарур мебошад, ки дар ҳолати иҷро намудан ба корхона зарари калонеро оварданаш мумкин аст.

Як қатор хусусиятҳои хоси қарори стратегӣ ҷудо карда мешаванд:

қарори стратегӣ ин худ як шакли навоварӣ мебошад. Одамон ва корхона объекти амалӣ гаштани қарори стратегӣ мебошанд, бинобар ин чорабиниҳои махсусе зарур мебошад, ки одамонро барои навоварӣ маҷбур созад. Яъне боваркунонии одамон, омӯзондани онҳо, ба иҷрои мақсад ҷалб кардани онҳо раванди хеле мушкил мебошад;

қарори стратегии идоракунӣ барои ба даст даровардани мақсадҳои ояндаи корхона равона шуда, ба оянда нигаронида шудаанд, бинобар ин на барои ҳамагон маълум ва равшан мебошад ва бинобар ин на ҳама бовар мекунанд;

иҷроиши қарори стратегӣ бо худ як қатор талабот дорад, яъне дониши мукаммали касбӣ доштан ва тайёр будан ба таваккал;

қарори стратегии идоракунӣ асосан характери субъективӣ дошта, ба он яку якбора баҳои объективӣ дода намешавад. Гузашти вақт баҳои объективии худро ба қарори стратегии идоракунӣ медиҳад.

Давраи дигари стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент, ин кор карда баромадани стратегияи корхона, ки бевосита бояд ба мақсад ва миссияи корхона мувофиқат намояд.

пешина
аз 465
навбатӣ