Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
интихоби мақсадҳои асосӣ ва чорабиниҳои ҳаматарафае, ки дар он мақсади пурраи имрӯза ва фардои корхона нишон дода шудааст.
Профессори донишгоҳи Гарвард Мишел Портер се равияи умумии стратегии корхонаро ҷудо мекунад:
-
Истеҳсоли маҳсулот бо хароҷоти камтарин.
-
Рушди мукаммалии равияҳои гуногун.
-
Нишонагирӣ барои мавқеи худро дар бозор ёфтан.
Менеҷере, ки роҳҳои ба мақсад расиданро интихоб менамояд, вай набояд фақат стратегияро пешниҳод намояд, балки вай бояд таҳлили ҳаматарафаи стратегияро дода тавонад. Яъне вобаста аз хусусияти хоси бозори имрӯза услуби ситуатсионӣ бояд мақоми аввал дошта бошад. Барои ин менеҷер чунин услуби кориро истифода намояд:
❖ таҳлили амиқи нигоҳи рақибон;
❖ таҳлили дараҷаи таваккалкорӣ;
❖ мувофиқгардонии стратегияи нави корхона ба суннати пешинаи он;
❖ мувофиқкунонӣ бо муҳити берунаи корхона;
❖ баҳодии иҷрошавандагии мақсади корхона.
Менеҷери стратегӣ ин услубҳоро на дар вақти лоиҳасозии стратегӣ, балки дар ҷараёни иҷрои он бояд истифода намояд. Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ташкилот на ин, ки фақат як нақшаи стратегӣ балки якчанд нақшаи стратегӣ дошта бошад, ки онҳо тавонанд, мушкилиҳои пеш омадаро сари вақт ислоҳ намуда, худро ба ҳолати пайдошуда мутобиқ гардонанд.
Тамоми нақшаи стратегии корхона бояд, бо назардошти фаъолияти корхонаҳои рақобатии Шумо кор карда шаванд, чунки аз рафтори рақиб дараҷаи таваккали корхонаи Шумо вобастагии калон дорад.
Омилҳои зерини таваккали стратегии корхона ҷудо карда мешаванд:
❖ маҳсулоти бозорӣ - махсусгардонии хурд, нишонагирии корхона ба миқдори ками бозорҳо;
❖ молиявӣ - яъне мавҷуд набудани фоидаи захиравии корхона, нокифоягии системаи молиявии корхона, номаълумии гирифтани даромадҳо дар ояндаи наздик ва дур;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё