Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
кӯмак расонанд. Аз тарафи дигар иштироки онҳо дар муҳокимаронии маҳсулнокии кор иҷрокунандагонро баланд мебардорад.
Муҳокимаи усул ва роҳҳои иҷрои мақсад, инчунин мӯҳлати иҷроиши онҳо дар гурӯҳҳои муносибати байни сохторҳои таркибии истеҳсолиро осон менамояд.
Аз тарафи дигар муҳокимаи масъалагузорӣ аз боло ба поён тартиботи иҷрои мақсадҳоро таъмин менамоянд. Моҳияти муҳокимарониро ва умуман ҷараёни онро дар ҳуҷҷатҳои пайнависӣ ва ҳисоботҳо бояд сабт намоем.
-
Муайян кардани равандҳои асосӣ. Дар назди корхонаҳо ва менеҷерони онҳо як қатор мақсадҳо гузошта мешаванд. Бинобар ин менеҷерони таҷрибадори касбӣ ва зираку донишманд аз байни онҳо мақсадҳои аввалиндараҷаашро ҷудо карда онҳоро гурӯҳбандӣ менамояд.
-
Таъмин намудани алоқаи ҳисоботӣ. Тадқиқот нишон медиҳад, ки корхона ба нишондиҳандаҳои калон ҳамон вақт ноил мегардад, ки агар дар ҳар як зинаи муайяни иҷрои мақсад натиҷагирӣ намояд. Психологияи коргарӣ чунин одат кардааст, ки ӯ ҳавасманд мебошад, ки дар як давраи муайян кори ӯ таҳлил карда, баҳо дода шавад. Баъди ин хулосабарорӣ ӯ ҳаракат мекунад, ки барои ба мақсад расидан кӯшиши зиёд намуда, камбудиҳоро ислоҳ намояд.
-
Алоқамандии мақсадгузорӣ ба системаи ҳавасмандкунӣ. Самаранокии мақсадгузорӣ ҳамон вақт меафзояд, ки агар вай ба системаи ҳавасмандкунӣ ва баҳодиҳӣ пайваста бошад. Чунин як система пайдоиши мақсадҳои дутарафаро пайдо мекунад. Яъне коргар, ё роҳбари табақаи идоракунӣ ҳаракат мекунад, ки мукофот гирад, ё ба вазифа боло равад ва якбора мақсади корхона, вазифаҳои дар пеши ӯ гузоштаи корхонаро иҷро мекунад.
Барои ба мақсад расидан ва иҷрои вазифаҳо дар назди менеҷменти корхона интихоби стратегия ва тактикаи идоракунӣ пайдо мешавад, ки кори хеле мураккаб буда, аз интихоби роҳи дурусти он тақдири фаъолияти корхона дар оянда вобаста мебошад.
Стратегияи идоракунӣ — гуфта, ин концепсияи қабулшудаи фаъолияти корхона мебошад, ки дар он барномаи умумии фаъолият, тақсимоти дурусти захираҳо барои ба мақсад расидан нишон дода шудааст. Стратегия — ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё