Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

инчунин системаи доимо нав кардан ва ё тағйир додани баъзе қисматҳои он амал мекунад.

Мақсадҳо вобаста ба зинаи дарбаргирии масъалаҳо нисбати якдигар низ дар дараҷаҳои итоаткунанда ҷойгир мебошанд. Яъне мақсадҳои дараҷаи боло дар навбати аввал иҷро шуда, мақсадҳои дуюмдараҷа ва дараҷаи паст баъд аз он бояд иҷро шаванд. Пайдоиши иҷрои мақсадҳо бояд, ки самаранокии кори корхонаро таъмин карда тавонанд.

Мақсадҳоро мумкин аст, ки вобаста аз моҳияташон ба миссияи корхона, ба мақсади хеле ҳам зарурӣ ва муқаррарӣ ҷудо кардан мумкин аст. Мақсадҳое ҳастанд, ки вобаста аз вақт ва муҳимияташон барои мақсади стратегии корхона ва ё ташкилот кӯмаки калон расонида, дар навбати худ асоси он мебошад. Мақсадҳое ҳастанд, ки барои раванди истеҳсолиро таъмин намудан зарур мебошанд. Дар охир мақсадҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо муқаррарӣ мебошанд, тағйирёбии вақт ё пурра иҷро намудани онҳо он қадар ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонида наметавонад.

Ҳамин тариқ, интихоби мақсад ва стратегияи корхона 3 давраро дар бар мегирад:

  1. Муайян кардани фалсафаи соҳибкории корхона.
  2. Муайян кардани мақсадҳои дарозмуддат дар давраи планӣ.
  3. Муайян кардани мақсадҳои (вазифаҳои) ҷории корхона.

4.2. Масъалагузорӣ ва стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент

Дар вақти масъалагузории иҷроиши мақсадҳои корхона бояд чор қоидаҳои асосӣ риоя карда шаванд:

  1. Муҳокимаи мақсадҳо. Мақсадҳо ҳамон вақт иҷрошаванда ва самаранок мебошанд, ки агар дар вақти масъалагузорӣ иҷрокунандагони онҳо иштирок дошта бошанд ва муҳокимаронӣ намоянд. Мақсадҳо асосан дар асоси таҳлили натиҷаи фаъолиятҳо, бурду бохт ва захираҳои корхона сурат мегирад. Муҳокимаи он дар байни иҷрокунандагон имкон медиҳад, ки боз захираҳо ва имконоти нав, фикру ақидаи касбие пайдо шаванд, ки барои иҷрои мақсад
пешина
аз 465
навбатӣ