Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Нишондиҳандаҳои миқдорӣ равандҳои инкишофи корхона, истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳоро бо нишондиҳандаҳои ченакӣ меноманд, ки бо сомонӣ, тонна, кг, дона, рӯз, соат ва гр. ҳисоб карда мешаванд.

Нишондиҳандаҳои сифатӣ - хуб шудани тартибу интизоми коллектив, беҳтар шудани сифати мол, самаранок истифодабарии захира, хуб шудани шароити кории коргарон.

Аксари маврид аз рӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ, нишондиҳандаҳои сифатиро низ баҳо медиҳанд.

Мақсадҳо вобаста аз зинаи моҳияташон мешаванд умумӣ ва махсус.

Мақсадҳои умумӣ гуфта умуман концепсияи корхонаро меноманд, ки равандҳои муҳими инкишофи фаъолияти корхонаро дар бар мегирад.

Ба ҳайати мақсади умумӣ, дар навбати аввал мақсади генералии корхона дохил мешавад, ки онро миссияи корхона низ меноманд. Солҳои охир миссияи корхона асосан таъмин намудани ягон талаботи ҷамъиятиро меноманд.

Миссия асосан фалсафаи пешравии корхона, эътибору обрӯ, мавқеи он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин шароити муҳити дохила ва берунаи он мебошад. Миссияи корхона имкон медиҳад, ки мақсади аниқи корхона муайян карда шавад.

Мақсади махсус ин мақсади аниқеро меноманд, ки барои расидан ба мақсади алоҳидаи умумӣ кӯмак мерасонад. Мақсадҳои махсус ҳатман кӯтоҳмуддат буда, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ баҳо дода мешаванд.

Мақсадҳои махсус мешавад оқилона ва корӣ.

Ҷараёни муайян кардани мақсадҳо вобаста аз шаклу намуди корхона ва хусусиятҳои хоси истеҳсолию моликиятдории он ду хел қабул карда мешаванд:

  1. Марказонидашуда.
  2. Ғайримарказонидашуда.

Ҳазорсолаи сеюм, ки давраи инқиболи техникию технологӣ ва компютеризатсия буда, суръати тағйирёбии муҳити дохила ба берунаи корхона хеле ҳам баланд мебошад, бинобарин мақсади стратегии корхонаҳо дар давраҳои муайян тағйир дода, мувофиқ гардонида мешаванд. Дар ин ҳолатҳо тактикаи истифодаи як мақсад барои пурра кардани мақсади дигар истифода мешавад.
Бинобар ин дар корхонаю ташкилот системи мақсадҳо пайдо мешаванд,

пешина
аз 465
навбатӣ