Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кӯтоҳмуддат (то як сол).. Маълум аст, ки барои мақсадҳои яксола нишондиҳандаҳо бисёртар буда, аниқ мебошанд, чунки аз рӯи мазмун низ онҳо аллакай қисматҳои алоҳидаи мақсадҳои стратегиро иҷро мекунанд.

Вобаста аз мазмунашон мақсадҳо мешаванд: технологӣ, иқтисодӣ, истеҳсолӣ, маъмурӣ, маркетингӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ.

  1. Мақсади технологӣ — беҳтар кардани технологияи истеҳсоли маҳсулот, кор ва хизматҳо, ҷорӣ намудани компютерикунонии истеҳсолӣ, аз байн бурдани фаъолиятҳои зиёдатӣ, сохтани биноҳои истеҳсолии нав барои пурра кардани ҷараёни истеҳсолӣ.

  2. Мақсади иқтисодӣ — мустаҳкам кардани вазъи молиявии корхона,
    баланд бардоштани фоиданокии фаъолияти корхона, гирифтани фоидаи устувор,
    баланд шудани қиммати аксияҳои корхона.

  3. Мақсади истеҳсолӣ — зиёд кардани истеҳсоли намуди алоҳидаи маҳсулоти ва хизматҳо, баланд бардоштани сифати он, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, паст кардани арзиши аслии маҳсулот.

  4. Мақсади маъмурӣ — мустаҳкам кардани дараҷаи идорашавандагии корхона, ташкили муҳити хуби идорӣ, сари вақт иҷро шудани супоришҳо, аз байн бурдани звеноҳои халалрасони идорӣ, беҳтар кардани тартибу интизом дар корхона.

  5. Мақсади маркетингӣ — ба даст овардани ин ё он бозори фурӯши моли корхона, пайдо кардани харидорони нав, мизоҷони нав, зиёд кардани сикли гардиши моли корхона, пешвоиро дар бозори мол ва нархи мол.

  6. Мақсади илмию техникӣ — ихтироъ кардан ва ҷорӣ кардани моли нав ва шакли нави хизматҳо, инчунин беҳтар кардани сифатҳои хоси молҳои мавҷуда, бо мақсади таъмин намудани дараҷаи стандарти байналхалқии истеҳсоли молҳо.

  7. Мақсади иҷтимоӣ — чорабиниҳое, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити меҳнат ва истироҳати коргарон, баланд бардоштани музди меҳнати коргарон, шароити манзили онҳо, баланд бардоштани дараҷаи квалификатсия ва маълумотнокии коргарон мебошад.

Вобаста аз шакли пешниҳод шуданашон мақсадҳо ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ ҷудо карда мешаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ