Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мақсадҳо бояд, ки воқеӣ бошанд, вагарна шахсоне, ки мефаҳманд, ки иҷрои мақсад ғайриимкон мебошад, барои иҷрои он ҳаракат намекунанд. Дар ҳақиқат кам ҳолатҳое мешавад, ки менеҷмент, мақсадҳои иҷронашаванда мегузоранд, албатта ин вобаста аст аз дараҷаи профессионализми дониш ва кордонии менеҷерони корхона. Зарур аст, ки натиҷагирии афзуншавандаро мақсади худ гузорем;
мақсадҳо бояд, ки чандирӣ дошта, вобаста ба ҳолату вазъиятӣ ба амал омада, мувофиқ гардонида шаванд. Дар ҳолати дигар агар мо надониста, ба пеш ҳаракат кунем, он гоҳ ба вартае афтидан мумкин аст, ки баромадан амри маҳол аст;
мақсадҳо асосан дар натиҷаи фаъолияти якҷояи одамон иҷро мегарданд, дар вақти масъалагузорӣ мо бояд қоидаи кушодавӣ ва демократии мақсадҳоро дошта бошем;
мақсадҳо бояд тафтишшаванда ва таҳлилшаванда бошанд, ки баҳо додани иҷрои он коргаронро ҳавасманд гардонад;
мақсадҳо бояд, ки бо якдигар алоқаманд буда, якдигарро пурра кунанд, ҳам дар муҳити вақт ва ҳам дар доираи фаъолият.
Риояи талаботи дар боло номбаршуда мақсади корхонаро характери системавӣ дода, гурӯҳбандӣ ва иҷроиши онро осон мегардонад.
Вобаста аз моҳияташон мақсадҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: стратегӣ ва тактикӣ.
Мақсадҳои стратегӣ барои иҷрои вазифаҳои перспективӣ ва калонҳаҷме гузошта мешавад, ки сифати кории корхона дигар карда, дараҷаи нав ва обрӯи корхонаро таъмин мекунад. Мақсадҳои стратегӣ асосан барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ, пурра нав кардани истеҳсолот ва базаи истеҳсолии корхона ё дигар кардани равияи он мебошад.
Мақсади тактикӣ - гуфта мақсадҳои ҷориро мефаҳмонанд, ки давраҳои муайян ё худ этапҳои алоҳидаи мақсадҳои стратегиро дар бар мегирад. Мисол гузаронидани таъмири мукаммал, ё худ иваз кардани таҷҳизот, мақсади тактикӣ аст.
Вобаста аз мӯҳлати иҷроиш мақсадҳо ҷудо карда мешаванд, ба дарозмуддат (зиёда аз 5 сол), миёнамӯҳлат (аз як сол то 5 сол) ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё