Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
4.1. Интихоби мақсад ва стратегияи инкишофи корхона
Коркарди сиёсати иқтисодии корхона (ташкилот) муайян кардани мақсад ва стратегияи инкишоф дар ояндаи наздик ва дур вобаста аз имконоти корхона на захираҳо мебошад.
Дурнамои корхона - концепсияи инкишоф ва равияҳои асосии фаъолияти активии кории корхонаро мақсади корхона меноманд.
Стратегия - кор карда баромадани чорабиниҳои асоснок ва нақшаи ба мақсад расидан, ки дар он иқтидори илмию техникӣ ва истеҳсолию маишии корхона ба ҳисоб гирифта шудааст.
Мақсад — ҳолати ояндаи аниқи корхонаи алоҳидаро меноманд, ки корхона барои ноил гаштани он хоҳиш дорад ва аз тарафи дигар ин ҷараёни идоракунӣ мебошад.
Дар системаи идоракунии корхонаҳо мақсад як қатор функсияҳои зеринро фаро мегирад:
коркарди фалсафаи фаъолияти корхона, концепсия, хислат ва хусусиятҳои хоси фаъолияти он;
номаълумиро дар фаъолияти корхона ва ҳар як коргар аз байн мебарад, барои корхона ҳамчун роҳнамо хизмат карда, коллектив барои ба мақсад расидан ҳаракат мекунанд;
унсури асосии муайян кардани критерияҳои инкишофи корхона, қабули қарори идоракунӣ ва назорати идоравӣ ва ҳавасмандӣ;
новобаста ба он, ки он воқеӣ мебошад, ё не дар атрофи худ ихтирокоронро гирд оварда, барои иҷрои вазифа ҳаракат мекунанд;
ҳисобот аз иҷрои вазифа боиси дар боварии коллектив ва мардум даромадани корхона мегардад.
Самаранокии функсияҳои мақсади корхона ҳамон вақт таъмин мегардад, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
мақсадҳо бояд аниқ бошад, яъне чӣ бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва чӣ бо нишондиҳандаҳои сифатӣ. Дар чунин як ҳолат, мақсад аз тарафи коллектив хуб қабул мешавад ва агар камбудиҳо бошад, ислоҳ карда шуда, ба иҷрои он амал мекунанд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё