Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар мавриди дигар ин мутафаккир менигорад, ки узри шахси ахмақу бадрафтор ва нодонро ҳеҷ гоҳ бахшидан нашояд, зеро онҳо ба инсонияту ҷомеа хатарҳо эҷод мекунанд:
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид, Узри ахмақро намешояд шунид, Узри ахмақ бадтар аз ҷурмаш бувад, Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
Мутафаккир лутфу адабро роҳнамоиву тавфиқи Худованд дониста, хашму шаҳватро олами ҳайвонию бадкешӣ мепиндорад. Дар осори ин суханвар инъикоси аҳли тассавуф хеле фаровон буда, симову сурати суфӣ ҳамчун шахси зокиру шокир ба ҳадди устодӣ тасвир шудааст:
Дафтари суфӣ саводу ҳарф нест, Ҷуз дили испед ҳамчун барф нест.
Он чи ту дар ойина бинӣ аён, Пир бинад, хишт бинад пеш аз он.
Дарвоқеъ, ашъори ҷонфизову дилнишинаш дар айёми зиндагии шоир хеле маъруфият дошт ва ҷаззобиёту салосат ва шеърияти ҳарфҳои рангинаш муосиронашро шайдову мафтун месохт. Ҳамин буд, ки яке аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ўро зиёрат ва ба дидори муборакашон мушарраф гардидааст. Тазаккур бояд дод, ки шеъри оливу ҷонпарвари ў бо маҳорату тавоноӣ суруда шудааст ва бо дилрабоиву дилнишинӣ ва самимияту матолиб марғубтарин шеъри форсӣ аст. Роҳу мақоми минбаъдаи маънавии ў дар роҳи рушди адабиёти форсу тоҷик, алалхусус суханварони адабиёти суфия густариш меёбад ва ба дунёи шеъри ирфонӣ ҷилои нав мебахшад. Воқеан, ду шоҳасари мутафаккир «Девони Кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и ў ба адибону суханварони асрҳои минбаъд таъсири амиқ гузошта, дар заминаи он низ асарҳои зиёде таълиф шудаанд.
Дар шароити имрўза ҳамаи моро зарур аст, ки барои шинохти дурусти осори пурғановати адибони тоҷику форс, бахусус осори ваҳдатгарову инсонсози Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ҷиҳати омӯзиш фаро гирифта, дар ин замина баҳри маърифати он низ талош намоем.

пешина
аз 194
навбатӣ