Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа
Сангимурод ШАРИФОВ
Дар ин маҷмуа лавҳаю очерк, мақола ва ҳикояҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун таълиф шуда, дар матбуоти даврӣ ва китобҳои алоҳида ба табъ расидаанд, гирд оварда шудааст.
Маҷмуа барои ҳаводорони соҳаҳои адабиёту публитсистика, унвонҷўёну омўзгорон, донишҷўёни ихтисосҳои филологӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
ХУШАҲО АЗ КИШТАҲОИ ШОГИРДОНА
(ба ҷойи сарсухан) Ҳар гуна кори эҷодӣ дар шакли маҳсули ҳаваскорона сурат гирифта, аз майлу рағбати соҳибаш дарак медиҳад. Шинохти ҳаваскор ва ба тарбия ҷалб намудани ӯ вазифаи оила, мактаб ва ҷомеаҳои илмӣ аст. Агар ҳаваскор шинохта шуда, эҷоди ҳаваскорона мақсаднок сурат гирад ва иҷрокунандаи он аз пайи донишу омӯзиши пайваста шавад, ба дараҷаи касбии эҷод хоҳад расид.
Муаллифи китобе, ки дар даст дорем – Сангимурод дар ҷодаи эҷод бо ҳавову ҳавас ворид шуда, қобилияту маҳорати худро тавассути омӯзиш, иштирок дар ҳамоишҳои илмиву ҳунарӣ ва таълиму тадрис ба шакл даровардааст.
Ӯ зодаи Ҷамоати шаҳраки “Гаравтӣ”-и ноҳияи Ҷиликӯл, ҳозира Ҷамоати шаҳраки “20-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Сангимурод ном гирифтанаш ҳикмат доштааст. Яне, то валодати ӯ писарони хонавода мефавтидаанд.
Бо орзуву умеди зинда мондани фарзанди навбатӣ, волидон ӯро некпай дониста, Сангимурод ном гузоштанд, то мисли сангҳои кӯҳсорони Ватан устувор бимонаду номбардори аҳли хонавода ва хешу табор гардад. Хушбахтона, ин орзуи волидону наздикон ҷомаи амал пӯшид ва Сангимурод аз давраи наврасиву ҷавонӣ то кунун ҳамеша ифтихори онҳо аст. Мо ҳам аз ӯ ифтихор мекунем ва ба ояндаи дурахшонаш умед дорем.
Падари Сангимурод Исматулло (руҳаш шод бод), ки аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанни таърих ва ҳуқуқ буд, барои таълиму тарбияи фарзандон, хусусан Сангимурод, диққати ҳамаҷониба зоҳир мекард. Барояш китобу воситаҳои гуногуни таълимию бадеиро дастрас менамуд, ҷиҳати мутолиаи онҳо шароити мусоид фароҳам меовард. Бо шарофати оилаи маърифатпарвару китобдӯст Сангимуроди наврас дар оғӯши китоб ба воя расида, аз махзани маънавии падар, ки пур аз адабиёти гуногуни илмиву бадеӣ, публитсистиву таълимӣ буд, фаровон истифода мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё